Адабиёти эпистолярӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Адабиёти эпистолярӣ (аз юнонӣ epistole – нома, мактуб) — осори адабӣ-бадеӣ дар ҷинсу намудҳои гуногун, ки ба шаклу услуби нома ва ё мактуби як кас ва ё тарафайн навишта мешаванд ва онро хонандагон ҳамчун асарҳои бадеӣ, ёпублитсистӣ, ё ин ки танқиди адабиву адабиётшиносӣ мутолиа мекунанд. Асарҳои Адабиёти эпистолярӣ аз ҷониби арбоби илму фарҳанг, адабиёту санъат, алломаву мутафаккирон, ходимони давлат ва дигарон навишташуда, моҳияти ҳам иҷтимоӣ, тарбиявию ахлоқӣ, эстетикӣ, илмиву назариявӣ ва ҳам умумиилмӣ, умуми ҷамъиятӣ ва ҳатто умумибашарӣ пайдо мекунанд. Чунин мактубҳо ва маълумотномаҳо аввалан байни ду муаллиф ва ё гурӯҳи маҳдуди суроғадорон навишташаванд ҳам, ба сабаби моҳияти умуми ҷомеавӣ доштанашон вақимами башарӣ пайдо карданашон аз он доираҳо берун мебароянд. Адабиёти эпистолярӣ дар асоси далелу бурҳон ва маводи таърихӣ, адабӣ ва ҷамъиятии даврони мушаххас ба вуҷуд омадааст. Ба сабаби он ки асари Адабиёти эпистолярӣ гоҳо камтар ва гоҳо бештар хусусияти фардиву шахсӣ – субъективӣ дорад, дарон «ман»-и муаллифро возеҳтар ва зиёдтару равшантар дарёб кардан мумкин аст. Бинобар ҳамин аз шаклу услубу забони ҳар як мактубунома, забону наҳв ва хату навиштаҷоти нависанда, ҳунарманд, олим ва мутафаккиру арбоби давлат шахсияти муаллифи онро донистан ва муайянкардан мумкин аст. Такя ба ҳуҷҷату далелҳо, ҳақгӯӣ ҳам яке аз талабот ва ҳам яке аз хусусияти Адабиёти эпистолярӣ мебошад. Одатан, асарҳои Адабиёти эпистолярӣ озодона навишта шуда, гоҳо хусусияти лирикӣ пайдо мекунанд. Дар айни замон ҳар як муаллиф мувофиқи салиқа, табъ ва талаботи сабку услуби хоси худ бо тарзи баён, наҳв, истифодаи захираи луғавии забон аз усулу равияи содатарину осонтарин сар карда то мавҳумтарину маҷҳултарин ва мураккабтарину мустаортарин асарҳои номавиашро эҷод менамояд. Дар баъзе ҳолатҳо номаву мактубҳо пайи ҳам навишта шуда, шакли «романи мукотибавӣ»-ро низ пайдо мекунанд. Дар адабиёти кишварҳои Аврупо Адабиёти эпистолярӣ аз давраи атиқа оғоз ёфтааст. Намояндагони машҳури ин адабиёт дар Юнон ва Рими Қадим Эпикур, Ситсерон, Горатсий, Сенека, Плинийи Хурдӣ буданд. Аз асрҳои 17 – 18 сар карда дар Аврупо, махсусан дар Англия, Адабиёти эпистолярӣ бо эҷодиёти Б. Паскал («Мактубҳои музофотӣ»), Ф. Честерфилд («Мактубҳо ба писар») ва дигарон шакл гирифта, бо романҳои ба тарзи нома эҷодшуда – «Памела», «Кларисса»-и С. Ричардсон, «Ҳамфри Клинкер»-и П. Смолетт, «Юлия, ё ин ки Элоизаи ҷавон»-и Ж. Ж. Руссо, «Ғаму андӯҳи Вертери ҷавон»-и И. В. Гёте ва дигарон такомул ёфт. Дар Россия асрҳои 18 – 20 «Очеркҳо ва ҳуҷҷатҳо»-и И. М. Карамзин, «Номаҳои сайёҳи якум»-и Д. И. Фонвизин, «Мактубҳои фалсафӣ»-и П. Я. Чаадаев, «Мунтахабе аз мукотиба бо дӯстон»-и Н. В. Гогол, «Мактуб ба Гогол»-и В. Г. Белинский, «Мактубҳои А. Блок ба занаш» ва ғайра навишта шудаанд. Дар адабиёти гузаштаи тоҷик (асрҳои миёна) нома ва номанигорӣ, руқаот вуҷуд доштанд, вале аз ҷиҳати тарзу услуби эҷод, мазмуну мундариҷа пурра ба Адабиёти эпистолярӣ ба мафҳуми европагӣ мувофиқат намекунанд. Дар адабиёти муосири тоҷик баъзан дар дохили осори адабӣ мактуби қаҳрамонон ба назар мерасанд, ки ин нишонае аз Адабиёти эпистолярӣ мебошад. Инчунин номаҳо (мактубҳо), ки адибон ба ҳамдигар ирсол менамоянд, масалан, мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, мактубҳои ба адибону забоншиносон (П. Толис, Д. Тоҷиев) навиштаи Садриддин Айнӣ, мактубҳое, ки мунаққидон ба адибон менависанд, номаҳое, ки дар саҳифаҳои матбуот ба табъ мерасанд ва ғайра намунае аз Адабиёти эпистолярӣ ба шумор мераванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Античная эпистолография, М., 1967;
  • Елистратова А. А., Эпистолярная проза романтиков, дар кит. Европейский романтизм, М., 1973;
  • Табаров С., Асосҳои назариявии танқиди адабӣ, қисми 3, Д., 1999;
  • Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Д., 2003;
  • Асозода Х., Кашшофи рози адабиёт, Д., 2004.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]