Адабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣ
Оғози рушди адабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣ бо номи Садриддин Айнӣ вобастагӣ дорад. Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), бо рисолаҳое, ки дар бораи Фирдавсӣ (1934), Ибни Сино (1939), Рӯдакӣ (1940), Саъдӣ (1940), Бедил (1946), Навоӣ (1948) ва дигарон навиштааст, дастурҳои асосии омӯзиши таърихи адабиётро муайян кард. Ӯ дар таърихи илми замони нави тоҷик якумин касе буд, ки эҷодиёти классикон ва раванди адабии таърихиро алоқамандона бо вазъи иҷтимоию сиёсии замон омӯхта, ба асоси ҳаётии эҷоди бадеӣ (воқеъгароӣ) ва халқияти он, ба масъалаҳои услуб ва методи (усули) эҷодии нависандагон, пайдоиш ва инкишофи баъзе жанрҳову шаклҳои бадеӣ диққат дод.
Адабиётшиносии тоҷик дар замони шӯравӣ дар раванди муборизаҳои сахти мафкуравӣ шакл гирифта, аз аввали пайдоишаш мутаваҷҷеҳи масъалаҳои сиёсию иҷтимоии ҷамъият гардид, хусусиятҳои ҳирфаӣ ва шаклгирии минбаъдаи онро муайян намуд. Муҳимтарини ин муборизаҳо муборизаи зидди инкоргароии (нигилизми) таърихӣ ва таърихиву маданӣ буд. Дар айёме, ки пантуркистҳои таҳрифгари таърих мавҷудияти халқи тоҷик, маданият, адабиёт ва забони ӯро инкор мекарданд, устод Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» таърихи ҳазорсола доштани забони адабии ҳозира ва адабиёти асрҳои миёнаи тоҷикро исбот намуд.
Солҳои 30 — 40 садаи XX инкоргароии маданӣ-фарҳангӣ ба чунин шакле зоҳир шуд, ки баъзеҳо ҳуқуқи халқи тоҷикро ба адабиёти асрҳои гузашта, хусусан то садаи XVI инкор менамуданд, дар сари ақидае пофишорӣ доштанд, ки дар инкишофи он адабиёт халқи тоҷик иштирок накардааст. Фаъолияти адабиётшиносии устод Айнӣ солҳои 30 — 40 садаи XX бар муқобили чунин таҳрифи таърих нигаронида шуда буд. Дар натиҷа бо пешниҳоди ӯ нисбат ба адабиёти то садаи XVI, ки мероси умумии эрониёну тоҷикони ҳозира аст, истилоҳи адабиёти форс-тоҷик қабул гардид. Дар ин роҳ маҷмӯаи дастҷамъонаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) ва сарсухани он, ки ба қалами И. С. Брагинский тааллуқ дошта, бо маслиҳати Айнӣ навишта шуда буд, низ нақши муассире гузошт.
Консепсияи таърих ва таърихи фарҳангу маданияти халқи тоҷик, ки бунёди истилоҳи адабиёти форс-тоҷик бар он буд, аз солҳои 40 садаи XX дар тамоми илми собиқ шӯравӣ пазируфта шуд.
На танҳо тадқиқоти адабиётшиносону таърихшиносони тоҷик (Бобоҷон Ғафуров, Л. Бузургзода, А. Мирзоев ва дигарон), балки шарқшиносон ва нависандагони шӯравӣ, хусусан А. А. Фадеев дар ин кор мавқеи муҳим дошт.
Адабиётшиносии солҳои 30 — 40 садаи XX низ чун як ҷузъи муҳимми талошҳои фарҳангӣ инкишоф ёфта, барои ташаккули ҳофизаи таърихӣ ва худогоҳии миллии халқи тоҷик омили муҳим гардид. Ҳамчунин муборизаи зидди инкоргароии (нигилизми) таърихию маданӣ, ки аз боқимондаҳои Пролеткулт буд ва тамоми адабиёти давраҳои гузаштаро адабиёти феодалӣ медонист, низ аҳамияти махсус пайдо кард. Аз ин рӯ, дар фаъолияти илмии устод Айнӣ диққати асосӣ ба падид овардани бунёди халқиву инсондӯстии эҷодиёти намояндагони барҷастаи адабиёти гузашта — Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон равона гардид. Ин мавзӯъ дар тадқиқоти баъзе муҳаққиқони дигар ҳам то ҳол мавқеи калон дошта, боиси муайян гардидани баъзе аз хусусиятҳои асосии равияҳои пешқадами адабиёти гузашта, устувор гардидани пояҳои методологияи таҳқиқи иҷтимоии илмии адабиётшиносӣ шуд. Адабиётшиносӣ инчунин дар муборизаи зидди назарияи «ҷараёни ягона» ва дигар консепсияҳои дуруштандеш (вулгаризаторӣ) дар заминаи назарияи мафкураи марксистӣ-ленинӣ барои муайян намудани моҳияти равандҳои адабӣ то ба ҳадде имкон ёфт.
Адабиётшиносон А. Мирзоев, А. Н. Болдирев, Х. Мирзозода, Н. Маъсумӣ, Р. Ҳодизода ва дигарон аввал ба адабиёти баъди садаи XV, ки омӯхта нашуда буд, мутаваҷҷеҳ гардида, сарчашмаҳои адабӣ, давраҳои алоҳида, эҷодиёти Восифӣ, Биноӣ, Сайидо, Дониш, Шоҳин, Туғрал ва дигонро тадқиқ намуданд.
Дар айни замон омӯзиши умумии таърихи адабиёти форс-тоҷик ва муҳимтарин маъалаҳои он натиҷаи ҷиддӣ дод ва асарҳои ҷомеи Е. Э. Бертелс «История персидско-таджикской литературы» («Таърихи адабиёти форс-тоҷик», М., 1960), И. С. Брагинский «Из истории таджикской народной поэзии» («Аз таърихи назми халқи тоҷик»; М., 1956) ва ғайра ба майдон омаданд.
Ҷустуҷӯи сарчашмаҳои асосии адабиёти асрҳои миёна, ҷамъоварии мероси адабии намояндагони он, таҳқиқи ақидаҳои иҷтимоиву ахлоқии онҳо, ки аз солҳои 40 ривоҷ ёфта буд, хусусан солҳои 60 — 70 садаи XX авҷ гирифт. Бо кӯшиши як гурӯҳ муҳаққиқон эҷодиёти адибоне, ки пеш номашон чандон маълум набуд, омӯхта шуд.
Кам-кам моҳияти эстетикии адабиёт, масъалаҳои поэтика ва инкишофи равияҳои жанриву услубии он бештар мавриди баррасӣқарор гирифт (С. Саъдиев, А. Абдуллоев, М. Муллоаҳмадов, А. Насриддинов ва дигарон).
Омӯзиши адабиёти омиёна («китобҳои халқӣ») оғоз ёфт (Ю. Салимов, Қ. Чиллаев, Қ. Восеъ), дар роҳи гурӯҳбандии он ва нашри муҳимтарин намунаҳояш қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуд, ки ин боиси амиқтар падид овардани халқияти адабиёт ва зуҳуроти он гардид.
Таҷрибаи омӯзиши адабиёти классикии форс-тоҷик дар як силсила «Очеркҳои таърихи адабиёти тоҷик» дар ИЗА Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, ки муаллифони онҳо Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, А. Абдуллоев, У. Каримов, С. Саъдиев ва дигарон мебошанд. Ин очеркҳо барои ба вуҷуд овардани таърихи мукаммали адабиёти тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз замина тайёр кард.
Аз солҳои 50, хусусан дар солҳои 60 садаи XX ба баъд, омӯзиши ҷиддии назарияи адабиёт-илмҳои бадеъ, арӯз, қофия ва жанрҳои суннатӣ ривоҷ ёфт ва дар ин кор адабиётшиносон — Б. Сирус, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторзода, Х. Шарифов. Р. Мусулмонқулов, У. Тоиров, Ш. Раҳмонов иштирок карданд.
Роҳҳои инкишофи афкори эстетикии файласуфон Абунасри Форобӣ, Ибни Сино ва Насируддини Тӯсӣ, сайри таърихии адабиётшиносиву танқид, хусусан асарҳои Муҳаммади Родуёнӣ, Рашиди Ватвот, Хусрави Деҳлавӣ, Шамс Қайси Розӣ, Ҷомӣ ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣҳамаҷониба аз назар гузаронда шуд.
Матншиносӣ низ вусъат гирифта (К. Айнӣ, А. Афсаҳзод, Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, А. Кӯчаров ва дигарон), чопи илмӣ ва оммавии бисёр асарҳо (аз ҷумла «Шоҳнома», асарҳои Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Восифӣ, Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон) анҷом ёфт.
Феҳристи дастнависҳои ганҷинаи Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ва Теҳрон чоп шуд.
Омӯзиши таърихи адабиёти замони шӯравии тоҷик низ як соҳаи адабиётшиносиро ташкил мекунад. Ин соҳа дар ҷараёни бартараф кардани иҷтимоъгароии дурушт ташаккул ёфтааст.
Омӯзиши таърихи адабиёти шӯравии тоҷик асосан аз тадқиқи осори бадеии Садриддин Айнӣ — аз асарҳои Р. Ҳошим, Н. Бектош И. Брагинский сар шуда буд.
Аксари адабиётшиносон ва мунаққидон — Н. Маъсумӣ, С. Табаров, Ш. Ҳусейнзода, М. Шакурӣ (Шукуров), Ю. Бобоев, Л. Демидчик, А. Сайфуллоев ва дигарон дар айнишиносӣ иштирок карда, роҳи эҷодии ин нависанда, аҳамияти ғоявию бадеии асарҳои вай, мавқеи ӯро дар рушди маънавии халқ мавриди баррасӣқарор додаанд. Дар ин кор сессияи илмии «Солонаи Айнӣ» (аз соли 1958) ва нашрияи «Ҷашнномаи Айнӣ» нақши алоҳида мебозад. Ҳаёт ва эҷодиёти бисёр нависандагони шӯравии тоҷик, инчунин масъалаҳои алоҳидаи эҷодиёти баъзеи онҳо дар шакли монографӣ тадқиқ шудааст. Агарчи адабиётшиносии классикии форс-тоҷик аз аввал ҷанбаи танқидӣ дошта, хусусан дар «Ал-Мӯъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ баъзе аз дастурҳои асосии танқиди адабӣ муайян шуд, то Инқилоби Октябр (соли 1917) танқиди адабӣ аз адабиётшиносии умумӣ чун шохаи алоҳида ҷудо нашуда буд.
Танқиди адабӣ фақат бо мақолаҳои сирф танқидии охири солҳои 20 ва дар зарфи солҳои 30 садаи XX ба сӯи истиқлоли жанрӣ роҳ пеш гирифт.
Аз солҳои 30 садаи XX адибони тоҷик ба тақозои замон ба асарҳои инқилобгарони демократи рус В. Г. Белинский, Н. А. Добролюбов, Н. Г. Чернишевский ҷиддан рӯ оварданд, мероси назарии К. Маркс, Ф. Энгелс, Г. В. Плеханов, В. И. Ленин ва инчунин А. В. Луначарскийро омӯхтанд ва танҳо аз онҳо барои муайян кардани дастурҳои нави методологии танқид, яъне нақди марксистӣ-ленинӣ такягоҳҷустанд. Такя ба пояҳои назарии биниши танқидӣ, кӯшиши дахолат ба раванди адабӣ имкон дод, ки нависандагон Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, мунаққидон Раҳим Ҳошим, Х. Мирзозода ва дигарон бо мақолаҳои солҳои 30 ва 40 садаи XX дар роҳи ба ҷараёни адабиёти пролетарӣ ва мафкураи коммунистӣ кашидани адабиёт саҳм бигиранд. Танқиди адабӣ солҳои 40 — 50 садаи XX кам-кам таъсири дуруштназарии иҷтимоиро (сотсиологизми вулгариро) паси сар мекард. Давраи аввали инкишофи адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ бо китоби дастҷамъонаи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷилдҳои 1 — 2; 1957 — 58, нашри якҷояи русӣ — М., 1961) ҷамъбаст гардид.
Солҳои 60 — 70 садаи 20 ба танқиди адабӣ муяссар шуд, ки кам-кам аз асорати назари сирф иҷтимоъгароёна халосӣ ёфта, пояҳои илмии объективиро бештар қувват диҳад ва диққати асосиро ба моҳияти эстетикии адабиёт, ба масъалаи алоқаҳои жанр, услуб, поэтика, ба раванди адабӣ мутамаркиз намояд. Нақши танқиду адабиётшиносӣ дар раванди адабии ҷорӣҷиддитар шуд. Дар асарҳои насли нави адабиётшиносону мунаққидон — Х. Отахонова, Ю. Акбарзода, Х. Шарифов, А. Сатторзода, М. Раҷабӣ, А. Абдуманнонов, А. Набиев, Ҷ. Бақозода ва дигарон бо назари таърихӣ фаро гирифтани рӯйдодҳои раванди ҷории адабӣ, дар саҳни инкишофи адабии собиқ шӯравӣ мавқеи муҳим дорад. На фақат хусусиятҳои асосии раванди адабӣ, балки масъалаҳои назариву амалии тарҷума (Ҳ. Шодиқулов, З. Муллоҷонова), робитаи мутақобилаи адабиёти тоҷик ва адабиёти халқҳои дигар (А. Сайфуллоев, Валӣ Самад, А. Давронов), роҳҳои инкишофи адабиёти бачагона (Р. Амонов, Н. Файзуллоев, Ю. Акбарзода), назарияи танқид (С. Табаров), назария ва амалияи матншиносӣ (Х. Отахонова, А. Кӯчаров) ва ғайра низ мавриди баррасӣқарор гирифт. Савияи нави адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ, ки солҳои 70 — 80 садаи XX муяссар шуд, имкон дод, ки дар асари дастҷамъонаи шашҷилдаи «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ИЗА Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1978 — 86) махсусиятҳои таҷаддуди реалистии адабиёти тоҷик аз рӯи тағайюру таҳаввули сохтори жанру услуб тадқиқ гардад. Солҳои 70 — 80 садаи XX нашри асарҳои адабиётшиносону мунаққидон хеле афзуд. Адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ ба ҳалли мураккабтарин масъалаҳои таърихи адабиёти гузаштаву ҳозираи тоҷик даст зада, муҳимтарин проблемаҳои инкишофи таърихии адабиёт ва ҷараёнҳои ғоявию услубии он, мазмуну шакли миллӣ ва муносибати мутақобилаи ҷанбаи миллию байналмилалӣ, анъанаву навоварӣ, махсусиятҳои биниши эстетикии халқ ва нақши он дар ташаккулу тараққии тасвири воқеъгароёна, бахусус реализми сотсиалистӣ, нақши таҷрибаи эстетикии реализми адабиёти рус дар инкишофи насри муосири тоҷик ва ғайраро ба тадқиқ гирифт.
Адабиётшиносон масъалаҳои таърихи адабиёт ва эҷодиёти нависандагони алоҳидаро аз меъёри арзишҳои асили миллӣ ва умумибашарӣ, мазияти ҳунарӣ мавриди баррасӣ ва пажӯҳиш қарор доданд. Дар шароити нав масъалаҳои таърихи адабиёт (адабиёти дарбор, осори тасаввуфӣ, адабиёти ҷадидия) таҳкиқ шуданд ва ба чанде аз масъалаҳои адабиётшиносӣ ва таърихи адабиёт назари интиқодӣ андохта шуд. Ҳамзамон масоили тозаи адабиётшиносӣ ба таври амиқ ва ҳамаҷониба таҳкиқ гардид ва як силсила тадқиқоти муҳиме ба анҷом расид.
Адабиётшиносон мутаваҷҷеҳи адабиёти қадими тоҷикӣ шуданд ва китоби Авесто, ҳамчунин маҷмӯаи хираднома ва достонҳои қадим ба чоп расиданд.
Масъалаи таърихи адабиёти арабизабони форсии тоҷикӣ, назарияи насри классикӣ ва таърихи таҳаввули шакливу жанрии он (Х. Шарифов, Н. Салимов, Т. Мардонӣ, Н. Зоҳидов, А. Абдусаттор) ба таҳқиқ омад.
Ба чигунагии назарияи адабиёти тоҷик, иртиботи он ба назарияпардозони Юнони Қадим, аз ҷумла Арасту таҷдиди назар шуд (А. Сатторзода). Рӯзгор ва осори адибони то ба ҳол таҳқиқшуда амсоли устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ аз нав баррасӣ шуданд, симои адибони орифе чун Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ) мавриди тадқиқи ҷиддӣқарор гирифт, ки дар адабиётшиносӣ собиқа надошт.
Ҳамчунин ба адабиёти садаи XX (маорифпарварӣ ва ҷадидия, замони шӯравӣ) ва эҷодиёти адибони ҷудогонаи он таҷдиди назар гардид ва ҳодисаҳои адабиву чеҳраҳои таҳқиқнашудаи он мавриди пажӯҳиш қарор гирифтанд (М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, М. Раҷабӣ, А. Набавӣ).
Дар заминаи таҳқиқи адабиёти замони Истиқлол (А. Сайфуллоев, А. Абдуманнонов, А. Набавӣ, Ю. Акбарзода), адабиёти кӯдакон (Н. Файзуллоев), айнишиносӣ низ пажӯҳишҳои тоза (М. Шакурӣ, А. Маҳмадаминов, М. Имомов) таълиф гардид.
Дар адабиётшиносӣ риштаи иртиботи адабиёти халқҳои форсизабон — Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон зуҳур кард. (Х. Асозода, О. Хӯҷамуродов) ва робитаи адабӣ бо дигар халқҳо низ мавриди назар буд (А. Давронов, Валӣ Самад, М. Хоҷаева).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амирқулов С., Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни 19), Д., 2010;
- Исрофилиё Ш. Р., Назаре ба адабиётшиносии чанд соли охир, г. «Адабиёт ва санъат», 3 марти соли 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.