Jump to content

Адабиётшиносии тоҷику форсии асри 15

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нақди адабӣ, хусусан нақди шеър дар садаи XV бисёр ривоҷ ёфта буд.

Дар маҷлисҳоишоҳона,ҷамъомадҳоиаҳли шаҳр, маҳфилҳои адибон ва маҳфилҳои арбоби сулуку ирфон базмҳои адабӣ ва мубоҳисаҳои шеършиносӣ барпо мегардиданд.

Шоирон дар чунин анҷуманҳо шеър мехонданд, аҳли суҳбат мувофиқи завқу салиқаи худ ва меъёрҳои маъмул ҳусну қубҳи ашъорро доварӣ мекарданд ва сухани охиринро шеършиноси маъруф мегуфт.

Дар «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-и Навоӣ, «Мақомоти МавлавӣҶомӣ»-и Абдулвосеи Низомӣ, «Макорим-ул-ахлоқ»-и Хондамир ва хусусан «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ дар ин бора ривоятҳои бисёре оварда шудаанд.

Кошифӣ боби дуюми «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ул-ашъор»-ро «Дар баёни уюби назм, ки онро илми нақд хонанд» унвон гузошта, дар он салх, масх, муноқиза, зиёдат, такаллуф ва дигар нуқсонҳои шеърро таҳлил кардааст.

Атоуллоҳ низ роҷеъ ба бисёр нуқсонҳои шеър (заъфи таълиф, сирқат, айбҳои қофия ва ғайра) сухан меронад.

Ҳамин ҳолат дар дигар асарҳои назмшиносӣ низ ба мушоҳида мерасад. Наққодони сухан нуқсу камбудии асарҳои бадеӣ, тозагиҳои асарҳои адибон ва тарзи хоси эҷодиёти адибонро нишон додаанд.

Афкори адабии тоҷик ба диди эстетикӣ, махсусан, бо мақулаи асосии он — зебоӣ пайванди мустаҳкаме дошт. Зебоии шеърро бо диди шоиронаи зебоии инсон, дарку дарёфти наводири мароқангези олами мавҷудоти табиат, сохтори вазну қофия, шакли хубу мазмуни марғуб, ҳусни сухан, таносуби таркиботи лафзӣ ва фаҳму бадеъ ва бе айбу нуқсон будан муайян кардаанд. Бо ҳамин сабаб таҳлили хосиятҳои шеър мавриди тадқиқи сухансанҷони ин давра қарор гирифта, муҳаққиқон онҳоро аз мавқеи талаботи балоғату фасоҳат ва арӯз, қофия ва бадеъ санҷидаанд. Адабиётшиносони он замон ба таҳқиқ ва таҳлили илми арӯз таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардаанд.

Зарурати донистани арӯзро Сайфии Бухороӣ чунин ба қалам додааст: «Чун шеър каломест мавзун ва ҳар мавзунеро ночор аст аз мизоне, то зиёдат ва нуқсони онро ба он мизон тавон донист ва мизони шеър ба илми арӯз маълум мешавад.

Пас ҳар кас, ки дар боби шеър дахл мекунад, хоҳ ба гуфтани шеър ва хоҳ ба шинохтани он, бар ӯ лозим бошад, ки арӯз бидонад».

Асарҳои машҳури соҳаи илми арӯз аз нимаи дуюми садаи XV ба баъд инҳо мебошанд:

  • ду рисолаи Дарвеш Мансури Сабзворӣ дар арӯз,
  • асари Алишоҳ ибни Маҳдӣ «Лисон-ул-қалам»,
  • асари Абусаид ибни Шайх Муҳиуддини Рофеӣ «Арӯз»,
  • асари Абдурраҳмони Ҷомӣ «Рисолаи арӯз»,
  • асари Сайфии Бухороӣ «Арӯзи Сайфӣ»,
  • асари Алишери Навоӣ «Мизон-ул-авзон»,
  • асари Наҷмуддин Алии Зоирӣ «Назм-ул-қавоид»,
  • асари Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқи Шариф «Арӯзи Ҳумоюн»,
  • асари Сафиуддин Алӣ «Тӯҳфат-уш-шуаро»

Дар шарҳи абёте, ки Ҷавҳарӣ аз шоирони муосири амир Алишер Навоӣ дар илми арӯз суруда буд, Юсуфи Азизӣ «Арӯзи Юсуфӣ» ва ғайра Ҳамчунин Ҳофизалии Ҷомӣ, Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, Юсуфи Бадеӣ, Қосими Коҳӣ ва дигарон низ дар бораи арӯз рисолаҳо доштанд.

Адибони он замон дар илми қофия низ рисолаҳо навиштаанд, ки аксар «Рисолаи қофия» ё «Илм-ул-қавофӣ» ном доранд. Аз рисолаҳои ин силсила асарҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ «Рисолаи қофия» ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣ «Рисола дар илми қавофӣ» машҳуранд.

Асарҳои Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ул-ашъор» ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣ «Бадоеъ-ус-саноеъ» дар илми бадеъ таълиф шудаанд. Атоуллоҳи Ҳусайнӣ бо номи «Такмил-ус-саноат» асари муфассале дошт.

Таснифи навъҳои шеър дар таърихи афкори назарии нимаи дуюми садаи XV мақоми хос дорад. Донишмандони улуми адабӣ роҷеъ ба қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, шоҳбайт, фард ва анвои гуногуни мусаммат (мураббаъ, мухаммас, мусаддас, мусамман, муашшар ва ғайра) дар кутубу рисолаҳо назари худро баён кардаанд.

Абдурраҳмони Ҷомӣ роҷеъ ба анвои адабӣ гуфтааст:

«Шеър бар ақсом аст чун қасида, ғазал, маснавӣ, қитъа ва рубоӣ ва шуаро дар муморасати онҳо мутафовит, баъзе мутафаннинанд, ки бар ҷамеи ин ақсом шеър гуфтаанд ва баъзе аз он қабиланд, ки майли эшон ба баъзе аз ин ақсом бештар будааст, чун мутақаддимон, ки эҳтимоми эшон ба қасоид будааст дар мадоеҳу мавоиз ва ғайри он ва эҳтимоми баъзе ба маснавӣ ба хилофи мутааххирон, ки суханони аксар бар тариқи ғазал воқеъ шудааст ва адади ин тоифа аз ҳадду ҳаср берун аст».

Дар як ҷумла муаллифи «Баҳористон» ба ақсоми шеър, таваҷҷуҳи баъзе шоирон ба ҳамаи анвоъ ва аз дигарон ба баъзе, майли қадимиён ба қасида, эҳтимоми баъзе ба маснавӣ ва аз мутааххирон бар ғазал баҳои муносиб додааст.

Адабиётшиносони он замон ба мазмуни асарҳои бадеӣ аҳамият дода, мазмуну мӯҳтавиёти қасида, ғазал, рубоӣ ва маснавиро тибқи мазмун табақабандӣ кардаанд, ки ҳосили он ҳаҷв, ҳазл, нақиза, мунозира, шикояти рӯзгор, насиҳат, хамриёт, мутоиба, муаммо, луғз ва ғайра аст. Масалан, Ҳусайн Воизи Кошифӣ маънои луғавӣ ва истилоҳии маснавӣ, тарзи қофиябандии он, истеъмоли онро дар қисасу ахбор ва ҳикоёти таърихӣ шарҳ дода, намунаи ин навъи шеър «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ном бурдааст.

Дигар навъҳои шеър аз назари шаклу, мазмун, маъною мафҳум дар бахши «Дар баёни маонии баъзе алфози мутадовила миёни шуаро, ки мӯҳтоҷ ба баён аст»-и «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллоҳи Ҳусайнӣ шарҳ ёфтаанд ва ин бахшро луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиносӣ метавон гуфт.

Фасли «Зикри баъзе алфоз, ки мустаъмал ва мутадовили ин тоифа аст»-и «Бадоеъ-ул-афкор»-и Кошифӣ низ ҳамин хусусиятро дорад.

  • Амирқулов С., Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни 19), Д., 2010;
  • Исрофилиё Ш. Р., Назаре ба адабиётшиносии чанд соли охир, г. «Адабиёт ва санъат», 3 марти соли 2011.