Адабиётшиносии тоҷику форсии асрҳои миёна
Адабиётшиносии асрҳои миёна рукнҳои назарияи адабиётро, аз ҷумла дар баҳси моҳияти шеър ва наср, нақди адабиро дар баррасии балоғати шеъру сухан ва таърихи адабиётро дар тазкираҳо бо худ дошт. Аз ҷумла адаби назариявии садаи XV нишон медиҳад, ки дар он замон шакли содаи ҳар се ҷузъи таркибии адабиётшиносӣ мавҷуд будааст.
Таърихи адабиёт дар тазкираҳо, масъалаҳои назариявӣ дар рисолаҳо ва нақди адабӣ дар маҳфилҳо ва нақди ашъор густариш меёфтанд.
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар бораи қофия, арӯз ва муаммо чаҳор рисола навишт, равзаи ҳафтуми «Баҳористон»-ро ба тазкираи шуарои садаҳои IX — XV ва баёни навъҳои шеър бахшид. Дар «Нафаҳот-ул-унс» (1478) дар бораи адибоне, ки пайрави маслаки тасаввуф буданд (Абдуллоҳи Ансорӣ, Саноӣ, Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Ироқӣ ва дигар) ва ба ин равия асар эҷод мекарданд (Низомӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз ва дигар), маълумоти судманд медиҳад. Ҷомӣ оғози шеъри тоҷикиро аз Рӯдакӣ сар карда, то Навоӣ дар бораи 39 нафар шоири номдор маълумот додааст.
Давлатшоҳи Самарқандӣ ибтидои шеъри форсиро аз замони Сосониён гирифта, ҷараёни адабиро бо даврабандии хосе то замони худ идома медиҳад.
Навоӣ дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» дар бораи 459 нафар адиби муосираш маълумот медиҳад, ки 420 нафари онҳо шоирони форсигӯй буданд.
Суннати тазкиранависии Давлатшоҳ ва Навоиро дар асрҳои баъдина тарҷумонҳои «Маҷолис-ун-нафоис», Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Мутрибӣ, Малеҳо ва даҳҳо адабиётшиносони дигар идома додаанд. Инчунин асарҳои Навоӣ «Хамсат-ул-мутаҳайирин» (дар бораи Ҷомӣ) ва «Ҳолоти Паҳлавон Муҳаммад», Абдулвосеи Низомӣ «Мақомоти Мавлавӣ Ҷомӣ», Абдулғафури Лорӣ "Такмила бар «Нафаҳот-ул-унс», Хондамир «Макорим-ул-ахлоқ» (дар бораи Навоӣ) беҳтарин китобҳо дар шарҳи ҳоли адибон буданд.
Шарҳу хулоса ва тафсири осори бадеии адибони арабу Аҷам, муосирон ва ҳатто худи онҳо як бахши муҳимми асарҳои Адабиётшиносии нимаи дуюми садаи XV мебошад. Ҳадафи асосии шореҳон кашфи асрори мармуз ва илмии осори адабист. Ҷомӣ соли 1470 «Лавомеъ»-ро дар шарҳи қасидаи мимияи хамрияи Абуҳафс Умар ибни Алии маъруф ба Ибни Фориз (1180—1235) навишт, рисолаи дигари худ «Шарҳи қасидаи тоия»-ро ба ташреҳи қасидаи дигари ҳамон шоири араб «Назм-уд-дурар» хос гардондааст.
«Шарҳи байтайни маснавӣ», ки тафсири ду байти аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалоллуддини Румиро фаро мегирад, «Шарҳи байти Хусрави Деҳлавӣ», ки аз баррасии байти қасидаи «Миръот-ус-сафо»-и Хусрави Деҳлавӣ «Зи дарёи шаҳодат чун наҳанги „ло“ барорад „ҳу“ — Таяммум фарз гардад Нӯҳро дар вақти тӯфонаш» иборат аст ва «Рисолаи суханони Хоҷа Порсо» низ аз ин қабил асарҳои Ҷомӣ мебошанд.
«Шарҳи рубоиёт» рисолаест, ки 46 рубоии ирфонии худи Ҷомиро аз мавқеи таълимоти ваҳдати вуҷуд шарҳ медиҳад. Ҷалолуддини Даввонӣ низ рубоиёти худро шарҳ додааст.
Аз осори дигарон дар ин мавзӯъ рисолаи Хоҷа Аҳрор «Ҳуроия», шарҳи Ҳофизалии Ҷомӣ ба қасидаи Аттор ва шарҳи Абдулғафури Лорӣ бар «Нафаҳот-ул-унс»-ро метавон ном бурд.
Асари Асирии Лоҳиҷӣ «Мафотеҳу-л-эъҷоз» (1472), ки шарҳи «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабистарист, бузургтарин дастоварди ин соҳа мебошад.
Дар асрҳои минбаъда шарҳнависӣ ба осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Анварӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба ҳукми анъана даромад.
Танқиди адабӣ дар адабиётшиносии ин давра ва дар тӯли асрҳои миёна такя бар таълимоти улуми балоғат ва адаб дошт. Зарурати нақди сухан ва ағрози адабиётро аҳли адаб аз оғози баррасиҳои ҳунарӣ дарёфтаанд.
Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки дар кулли анвои суханварӣ устод ва соҳибназар буд, сухансанҷро ба саррофи гавҳаршинос монанд кардааст:
Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хешастӣ, Ҳама кас хештанро Унсурию Анварӣ донад. Бале, ғаввос аз дарё гуҳар берун кашад, аммо Чу вақти қимат ояд, қимати ӯҷавҳарӣ донад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амирқулов С., Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни 19), Д., 2010;
- Исрофилиё Ш. Р., Назаре ба адабиётшиносии чанд соли охир, г. «Адабиёт ва санъат», 3 марти соли 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.