Jump to content

Адади мукаммал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адади мукаммал — адади бутуни мусбат, ки ба ҳосили ҷамъи тақсимкунандаҳои дурусти худ (тақсимкунандаҳое, ки аз худи адад хурданд) баробар аст. Масалан, ададҳои 6 (=1+2+3) ва 28 (=1+2+4+7+14) ададҳои мукаммаланд. Математики Юнони Қадим Уқлидус (асри 3 то м.) собит карда буд, ки ададҳои мукаммали ҷуфтро аз рӯи формулаи 2p–1•(2р–1) ҳангоми ададҳои сода будани p ва 2р – 1ёфтан мумкин аст. То имрӯз аз рӯи ин формула бо ёрии компютерҳо 47 адади мукаммалро ёфтаанд. Ададҳои мукаммали тоқ то ҳол маълум нестанд ва масъалаи мавҷудияти онҳо ҳанӯз беҷавоб аст.