Jump to content

Адади номдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адади номдор — ададест, ки бо номи ягон воҳиди ченкунӣ муштарак меояд (масалан, 5 м, 7 кг ва ғайра); ба адади муҷаррад муқобил гузошта мешавад (масалан, 5, 7). Агар адади номдор як воҳиди ченкунӣ дошта бошад, адади номдори сода ва агар якчанд воҳиди ченкунӣ дошта бошад, адади номдори таркибӣ меноманд. Масалан, адади номдори 5 м 67 см таркибӣ аст, ки ба адади номдори содаи 567 см баробар мебошад.