Jump to content

Адади эйлер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Адади Эйлер — дар физика яке аз меъёрҳои шабоҳати ҳаракати моеъ ё газро гӯянд. Таносуби байни қувваҳои фишор, ки ба ҳаҷми камтарини моеъ ё газ таъсир мерасонад ва қувваҳои инерсиявиро нишон медиҳад. Адади эйлер (Еu)-ро бо формулаи зерин муайян мекунанд: Eu (баъзан 2p/ρv2), ки дар ин ҷо pv,, pt – фишорҳо дар дунуқтаи хоси ҷараён (ё ҷисми дар он ҳаракаткунанда), ρv2/2 – фишори суръатнок, ρ – зичии моеъ ё газ, v – суръати ҷараён (ё суръати ҷисм) мебошад. Дар математика собитаи математикӣ, асосан логарифми натуралӣ, адади транссендентӣ (е). Адади эйлерро баъзан адади Непер меноманд. Адади эйлер дар ҳисоби дифференсиалӣ ва интегралӣ ва диг. қисмҳои математика роли калон мебозад. Ба ифтихори олими математика, астрономия ва физика, муҳақиқи швейтсариягӣ Леонард Эйлер номида шудааст.