Ададҳои ирратсионалӣ
Зоҳир
Ададҳои ирратсионалӣ — ададҳое, ки ратсионалӣ, яъне бутун ё касрӣ нестанд. Ададҳои ирратсионалӣ ҳақиқиро бо касри даҳии беохири ғайридаврӣ ифода кардан мумкин аст; масалан, Мавҷудияти нисбати ирратсионалӣ (масалан, нисбати дарозии диагонали квадрат бар дарозии тарафи он) аз замонҳои қадим маълум буд. Аммо назарияи дақиқи ададҳои ирратсионалиро дар нимаи дуюми асри 19 математики немис Р. Дедекинд (нигар Буриши Дедекинд) пешниҳод намуд. Ададҳои ирратсионалӣ ба ададҳои алгебравии ғайри ратсионалӣ ва адади транссендентӣ ҷудо мешаванд. Нигар низ адад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.