Ададҳои сода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ададҳои сода — ададҳои бутуни мусбати аз як калонро гӯянд, ки ғайр аз худашон ва адади 1 дигар тақсимкунандае надоранд. Масалан 2, 3, 5, 7, 11, 13 ва ғайра Мафҳуми ададҳои сода соли дар омӯхтани тақсим шавандагии ададҳои натуралӣ (ададҳои бутуни мусбат) роли муҳим мебозад. Маҳз теоремаи асосии назарияи тақсимшавандагӣ исбот мекунад, ки ҳар адади бутуни мусбатро (ғайр аз 1) фақат бо як тарз ба зарбкунандаҳои аз ададҳои сода иборатбуда ҷудо кардан мумкин аст. Шумораи ададҳои сода беинтиҳо зиёд мебошад, ки инро математики Юнони Қадим Уқлидус (асри 3 то м.) исбот карда буд. Ҷойгиршавии ададҳои сода дар қатори ададҳои натуралӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва душвори назарияи ададҳо ҳисоб мешавад. Дар ин бобат тадқиқоти П. Л. Чебишев ҷолиби диққатанд. Калонтарин адади содае, ки соли 2009 муқаррар шудааст, 243112609 – 1 мебошад. Дар системаи даҳӣ он аз 12 978 189 рақам иборат аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]