Адами қатъият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Адами қатъият (адами зарурат) (ба англисӣ: Indeterminism) нақизи ҳатмият ё қатъият ва ҷабри илмӣ аст ва иборат аст аз эътиқод ба инки падидорҳои табиӣ ва инсонӣ тобеӣ қонун ва низом нест.

Адами қатъият (ғайр қатъият) бар ду қисм аст:

1- адами қатъияти зеҳнӣ, ки иборат аст аз эътиқод ба инки ақл наметавонад аз ҳаводиси табиат хабар диҳад, зеро илал ва маълулоти табииро намешиносад. Ақл ба пайрави табиат аз як низоми собит, имон дорад, аммо ба мавқеи худ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ба шинохти ин низом қодир нест. Инсонҳо ба таъбир ва тафсирҳои зеҳнии худ аз мавқеият вокуниш нишон медиҳан[1].

2- адами қатъияти айнӣ, ки иборат аст аз нафйи мутлақи қатъияти падидорҳои табиӣ ва инсонӣ. Баъзе донишмандони ҷадид, қатъият ва ҷабри илмиро мавриди интиқод қарор дода ва гуфтаанд дар табиат маҷмӯаҳои аз неруҳое вуҷуд дорад, ки аз таркиби онҳо натиҷаҳое ба вуҷуд меояд, ки имконашон дар ҳадди баробарӣ аст ва ҳеҷяк бар дигаре тарҷеҳ надорад. Онҳо ин маҷмӯаҳоро марказҳои бетаин номидаанд.


Мӯътақидон ба бетаинии зеҳн мушоҳида кардаанд, ки нотавонии ақл аз иҳота бар умур, иллати ноогоҳии он аст, аммо мӯътақидон ба бетаинии айнӣ мӯътақиданд нотавонии ақл аз огоҳ шудан бар умури ноши аз табиати ашёъ аст. Зеро дар назари онон ҳаракот заррот ва аҷзои атомҳо тобеи низоми собите нест. Ин бетаиинии навъи дувум, роҳро барои озодӣ боз мекунад, ба тавре ки иродаи инсон, дар партави он, қодир аст, ки афъоли худро худ биёфринад. Бо вуҷуди ин, ақида ба бетаинӣ мӯҷиби қавл ба ихтиёре аст, ки эҷоб мекунад, ки иродаи иллати аввалӣ ва ғайр ба асбоб ва шурути пешин бошад. Инро бетаинии мутлақ гӯянд ва ин мафҳум ҷавоби манфии ихтиёр аст. Зеро бетаинӣ, феъли иродиро ҳамчун ҳодисаи беиллат менамоёнад, аммо ихтиёр иродаро иллати аввалии феъл қарор медиҳа[2].

  1. Самияи Пурмуҳаммадӣ, Фиребурзи Боқирӣ. Асарбахши омӯзиши зеҳни огоҳӣ бар пардозиши шинохти худкор, мутолиоти равоншиносӣ, давраи 11, шумора 3, поизи 1394, сафҳаи 141–159
  2. Ҷамил Салибо - Манучеҳр Сонеъи Дарҳбидӣ, Фарҳанги фалсафӣ, интишороти Ҳикмат - Теҳрон, чопи: аввал, 1366 с 543٬544