Адами ҳузур
Зоҳир
Адами ҳузур (алиби) (аз лотинӣ alibi – дар ҷои дигар) — дар ҳуқуқи ҷиноятӣ исботи мустақими ҳузур надоштани муҷрим – шахси шубҳанок ё судшаванда дар ҷойи ҷиноят дар лаҳзаи содир шудани он. Адами ҳузур танҳо далели аз тарафи шахси муайян дар ҷойи ҳодиса содир намудани амали мушаххаси ҷиноиро таъйид менамояд. Агар шахс ибтикорманди ҷинояти содиршуда бошад, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намекунад. Адами ҳузур бояд ҳаматарафа ва дақиқан бо дигар далелу исботҳо санҷида шавад. Ба ҳайси исботи мустақим адами ҳузур бояд ё комилан тасдиқ гардад ё билкулл рад карда шавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.