Jump to content

Адам Сайтиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адам Сайтиев
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус freestyle wrestling[d]
Зодрӯз 12 декабр 1977(1977-12-12) (46 сол)
Зодгоҳ
Корномаи варзишӣ 19982012
Мураббӣ
Қад 178 сантиметр
Вазн 77 ± 8 кг

Сайтиев Адам Хамидович (тав. 12 декабри 1977, Хасавюрт, ҶМШС Доғистон) — варзишгари русиягии куштии тарзи озод, Устоди хидматнишондодаи варзиши Русия (2000), қаҳрамони чоркаратаи куштии тарзи озоди Русия (1997, 1999, 2000, 2002), қаҳрамони секаратаи куштии тарзи озоди Аврупо (1999, 2000, 2006), қаҳрамони дукаратаи куштии тарзи озоди ҷаҳон (1999, 2002), қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Сидней; 2000). Узви дастаи мунтахаби кишвари Русия дар солҳои 1997—2006. Корномаи варзишии худро соли 2012 ба итмом расонидааст [1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Миллаташ шешонист. Соли 1996 оилаи онҳо ба шаҳри Красноярск кӯч бастанд. Соли 1997 ӯ дар вазни 69 кг қаҳрамони куштии тарзи озоди Русия шуд. Худи ҳамон сол ба дастаи мунтахаби Русия дохил шуд. Соли 1998 ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Иван Яригин ғолиб шуд. Дар Ҷоми куштии тарзи озоди ҷаҳон нуқра ва дар Қаҳрамонии Аврупо нишони биринҷӣ гирифт. Соли 1999 — қаҳрамони куштии тарзи озоди Русия дар вазни 76 кг, қаҳрамони куштии тарзи озоди Аврупо ва ҷаҳон. Дар соли 2000 — қаҳрамони куштии тарзи озоди Аврупо барои бори дувум ва қаҳрамони куштии тарзи озоди Русия бори саввум гашт.

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2000 дар Сидней Адам Сайтиев ба даври ниҳоӣ баромад ва ба рақибонаш танҳо як хол дод. Дар даври ниҳоӣ, ӯ ягона иштирокдор буд, ки ғалабаи соф ба даст овард.

Соли 2002 қаҳрамони куштии тарзи озоди ҷаҳон, соли 2006 — қаҳрамони куштии тарзи озоди Аврупо шуд.

Адам бародари хурдии қаҳрамони секаратаи олимпӣ дар куштии тарзи озод Бувайсар Сайтиев мебошад.

  • Ордени Шараф (2001);
  • Ордени Дӯстӣ (2004);
  • Соли 2015 дар шаҳри Эупен (Белгия) клуби гуштии Сайтиев кушода шуд[2].
  • С-А. М. Аслаханов, Х. Х. Хизриев. Физическая культура и спорт Чечни: истоки и современность. —
    {{{1}}}
    : «Перо», 2015. — С. 183—184. — 240 с. — ISBN 978-500086-997-0.