Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Адам Смит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адам Смит
англ. Adam Smith
Таърихи таваллуд на дертар аз 5 (16) июн 1723
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 июл 1790(1790-07-17)[2][3][4][…] (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ илми иқтисод, фалсафаи ахлоқ, фалсафаи сиёсӣ[d], economic theory[d], либерализми иқтисодӣ, фалсафа[5] ва Age of Enlightenment[d][5]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва каноникӣ[d] (1762)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Francis Hutcheson[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ада́м Смит (англ. Adam Smith; на дертар аз 5 [16] июн 1723, Kirkcaldy[d], Fife[d][1]17 июл 1790[2][3][4][…], Эдинбург[d][1]) — файласуфи ахлоқгарои шотландӣ дар даврони равшангарӣ дар Шотландия аст, ки аз ӯ ба унвони пешгом дар иқтисоди сиёсӣ ва «падари илми иқтисоди муосир» ёд мешавад. Вай ҳамчунин аз назарияпардозони аслии низоми сармоядории муосир ба шумор меравад. Смит идеяҳои худро дар заминаи иқтисод дар китоби «Сарвати милал»-и худ ба тафсил шарҳ додааст. Ин нахустин китоби муосири илми иқтисод ва шоҳкори Адам Смит маҳсуб мешавад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Таҳқиқи табиат ва сабабҳои сарвати миллатҳо, 1922

Адам Смит фарзанди як мушовири ҳуқуқии барҷаста дар шаҳри таърихии Кирколдӣ дар минтақаи Файф дар Шотландия буд. Таърихи дақиқи таваллуди Адам Смит ба равшанӣ мушаххас нест, вале маросими номгузории ӯ дар панҷуми июли соли 1723 мелодӣ анҷом гирифтааст. Падараш, ки ӯ ҳам Адам Смит ном дошт, шаш моҳ қабл аз таваллуди вай даргузашт. Ӯ дар ҳудуди 4-солагӣ тавассути як гурӯҳи кӯлиҳо рабуда шуд, вале пас аз замони кӯтоҳе тавассути амаки худ наҷот дода шуд ва ба оғӯши модараш бозгашт.

Смит дар 15-солагӣ вориди Донишгоҳи Глазго шуд ва шурӯъ ба хондани фалсафаи ахлоқ ва фалсафаи иҷтимоӣ кард ва дар он ҷо фалсафаи илми ахлоқро таҳти назари Франсис Ҳатчесон, ки Смит баъдан ӯро «Ҳатчесоне, ки ҳаргиз набояд фаромӯш шавад» хонд, фаро гирифт. Дар соли 1740 мелодӣ Смит бо бурси вижаи Снелли Донишгоҳи Глазго вориди Коллеҷи Баллиол дар Донишгоҳи Оксфорд шуд ва дар 1746 мелодӣ он ҷоро тарк кард. Дар 1751 мелодӣ бо Дэвид Ҳюм, нависанда ва файласуфи бонуфуз ва машҳури шотландӣ, ки як даҳа пешқадами ӯ буд, ошно шуд. Миёни ин ду нафар аз дидгоҳи ақидатӣ ва шахсӣ наздикии бештаре нисбат ба соири шахсиятҳои матраҳ дар Равшангарӣ дар Шотландия вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол Смит курсии устодии давраи омӯзиши мантиқ дар Донишгоҳи Глазгоро ба даст овард ва соли баъд дар ҳамин донишгоҳ ба тадриси мантиқ шурӯъ кард.

Интишори китоби «Назарияи эҳсосоти ахлоқӣ» дар соли 1762 мелодӣ ӯро дар радифи назарияпардозони замони худ қарор дод. Дар ҳамин сол Донишгоҳи Глазго низ унвони доктори қонунҳоро (LL.D.) ба Смит эъто кард, вале соли баъд Смит дар ҳини соли таҳсилӣ аз устодии худ истеъфо дод, то битавонад ба тадриси хусусии Ҳенри Скотт, писархонди Чарлз Тауншенд (раиси хазинадорӣ аз августи 1766 то сентябри 1767) бипардозад. Смит пазируфт, ки шаҳрияи донишҷӯёнро бозпардохт кунад, вале донишҷӯён напазируфтанд.

Шаҳри Глазго маркази ҷиддии мутолиа ва пажӯҳиш ва яке аз конунҳои Равшангарӣ дар Шотландия буд. Вай муддате ба Порис рафт ва бо доктор Франсуа Кенэ, пизишки дарбори Луии Понздаҳум, ки бунёнгузори мактаби иқтисодии физиократия буд, ба гуфтугӯ пардохт. Ба роғи ақоиди ҷории аср, ки манбаи сарватро тилло ва нуқра мепиндошт, Кенэ заминро ягона сарчашмаи сарват медонист ва ақида дошт, ки сарват аз тавлид сарчашма мегирад; ӯ фақат табақаҳои кишоварзро муваллиди воқеии сарват медонист. Адам Смит бо доктринаи тамоюл ба кишоварзии Кенэ ва физиократҳо мувофиқ набуд. Смит пас аз бозгашт ба Шотландия китоби «Таҳқиқ дар бораи моҳият ва сабабҳои сарвати милал»-ро дар соли 1776 мунташир кард.

Дар ниҳоят ӯ маъмури олирутбаи гумруки Шотландия ва раиси Донишгоҳи Глазго шуд.

Ҳар ҷомеае, ки аксарияташон фақиру бадбахтанд, ободу хушбахт буда наметавонад.[6]

Вай (соҳибкор) ҳангоми амалӣ намудани манфиатҳои худ, аксар вақт ба манфиатҳои ҷомеа самараноктар хидмат мекунад, назар ба он вақте ки ӯ дониста кӯшиш мекунад.[7]

  1. 1 2 3 4 Смит Адам // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 1 2 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  4. 1 2 Babelio (фр.) — 2007.
  5. 1 2 База данных Национальной библиотеки Чешской Республики
  6. Адам Смит(рус.). citaty.info. 29 ноябри 2022 санҷида шуд.
  7. Martin Svoboda. Преследуя свои собственные интересы, он (предприниматель)…(рус.). Ru.citaty.net. 29 ноябри 2022 санҷида шуд.