Jump to content

Адвокат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адвокат, вакил, намоянда ё ҷонишин (форсӣ: «вакил — وکیل»‎, лот. «advocatus — даъват менамоям») — ҳуқуқшиносест. ки барои расонидани ёрин ҳуқуқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ даъват карда мешавад. Мақоми ҳуқуқии адвокатро Қонунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» аз 4 ноябри соли 1995 муайян мекунад. Адвокат узви коллегияи адвокатҳо буда, метавонад манфиати муштариёни худро дар ҳама муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоя намояд. Адвокат манфиатҳои қонунии муштариёни худро дар асоси бастани шартнома бо муштариён ҳимоя менамояд. Адвокат наметавонад он мавқееро ишғол намояд, ки ба мавқеи муштарии худ мухолиф бошад.

Адвокат вазифаҳои худро дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла додани маслиҳати ҳуқуқӣ, тартиб додани аризаҳо, шикоятҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои характери ҳуқуқӣ дошта анҷом медиҳад. Адвокат дар асоси шартнома дар суд ҳамчун намоянда оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҳимоятгар оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ иштирок мекунад. Адвокат дар ҳамаи давраҳои мурофиа иштирок намуда, манфиати қонунии муштарки худро ҳимоя менамояд. Адвокатҳо ҳамчун аъзои коллегияи адвокатҳо метавонанд дар маҷлисҳо, конференсияҳои коллегияи адвокатҳо иштирок намуда, интихоб шаванд, таклифу пешниҳодҳо намоянд. Адвокатҳо аз иҷрои вазифаҳои ба зимма гирифтаашон ҳаққи заҳмат (гонорар) мегиранд. Адвокатҳо бояд дорои ахлоқи ҳамидаи касбӣ буда, талаботи қонунҳои амалкунандаро бечунучаро иҷро намоянд, малакаи касбии худро муттасил ривоҷ диҳанд, низоми меҳнатро риоя намоянд.

Ба коллегияи адвокатҳо нафароне қабул карда мешаванд, ки шаҳрванди Тоҷикистон бошанд, маълумоти олии юридикӣ ва камаш ду сол собиқаи кории касбӣ дошта бошанд. Шахсоне, ки собиқаи кории касбӣ надоранд, камаш аз шаш моҳ то як сол шогирд-коромӯз меистанд (моддаи 18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура»).

Адвокат дар мурофиаи консититутсионӣ низ иштирок менамояд. Суди конститутсионӣ ҳамчун ҳокимияти судӣ дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, волоияти меъёрҳои Конститутсия, амали бевоситаи онро дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро аз ҳама гуна сӯиқасд ҳимоя менамояд. Суди конститутсионӣ вазифаҳои худро ба тариқи баррасии парвандаҳо дар мурофиаҳои судии конститутсионӣ бо риоя намудани принсипҳои дастҷамъӣ, ошкоро, мустақилӣ, баробарҳуқуқии тарафҳо ва дар асоси мубоҳисавӣ амалӣ мегардонад.

Дар асоси м. 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикнстон» адвокат ба қатори дигар иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ дохил мешавад. Тартиби иштироки адвокатро дар мурофиаи мазкур Қонуни консгитусионӣ ва қонун дар бораи адвокатураи ҷумҳурӣ муайян мекунад.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — 620 саҳ.