Ҳуқуқшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳуқуқшинос)
Jump to navigation Jump to search

Ҳуқуқшиносӣ — маҷмӯи донишҳои воқеӣ ва илман асоснокгашгаест, ки тавассути онҳо воқеияти ҳукуқиву давлатӣ дарк ва омӯхта мешавад. Илми ҳуқуқшиносӣ ба гурӯҳи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (гуманитарӣ) мансуб буда, бо таҳлилу омӯзиши илми воқеӣ ва ҳаматарафаи ҳукуқ ва давлат машғул аст. Объектҳои омӯзиши онро ҳуқуқ ва давлат ташкил медиҳанд. Илми ҳуқуқшиносӣ вазифаҳои маърифатӣ, методологӣ, пешбинии илмӣ, амаливу тарбиявиро иҷро мекунад. Он ба шохаҳои гуногун ҷудо мешавад. Маҷмӯи илмҳои ҳуқуқшиносни бо ҳам алоқаманд ва равобити зич дошта низоми илмҳои ҳуқуқшиносиро ташкил медиҳад, ки ба илмҳои назариявй-таърихй, соҳавй, байнисоҳавй, махсуси амалӣ, байналхалқй ҷудо мешавад. Илми ҳуқуқшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи ҷудонашавандаи илми ҳуқуқшиносии ҷаҳонй буда, дар шароити имрӯза як зумра вазифаҳоеро ба ӯхда дорад, ки азталаботи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, иқтисоди бозорӣ ва таъмини ҳуқуқҳои инсон, ислоҳоти ҳуқуқй ва гуногунии афкор бармеоянд.[1]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 176