Адгезия
Зоҳир
Адгезия (лотинӣ adhaesio – часпидан) — ҳодисаи ба ҳамдигар часпидани сатҳи ҷисмҳои якҷинса ҳангоми ба ҳам раcидан. Сабаби адгезия қувваи кашиши байнимолекулавии моддаҳои ба ҳам расанда мебошад. Қувваҳои кашиш бо мурури дар байни сатҳи моддаҳо ба вуҷуд омадани алоқаи химиявӣ ва донорию аксепторӣ меафзоянд. Ба часпиш ҳодисаи ба ҳам омехташавии атомҳо (диффузия) низ мусоидат мекунад. Часпидани локу ранг ба рӯи маснуоти олкоришуда низ адгезия мебошад. Яке аз намудҳои адгезияро когезия меноманд. Устувории адгезияро аз рӯи қуввае, ки барои аз сатҳи ҷисм кандани пардаи локу ранг сарф кардан лозим меояд, муайян мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.