Jump to content

Аденозин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аденозин — C10H13N5O4, нуклеозидест, ки дар он атоми нитрогени 9-и аденин бо атоми карбони 1-и рибоза пайваст шудааст. Моддаи кристаллии беранг. Массаи молекула 267, ҳарорат гуд. 229°С. Дар об ҳал мешавад. Аз ҷиҳати химиявӣ аденозин асоси суст аст. Дар организм Аденозин асосан дар таркиби баъзе ферментҳо, кислотаҳои аденозинфосфат ва нуклеат мавҷуд аст. Аденозинро дар натиҷаи гидролизи кислотаҳои нуклеат бо ишқор ё аз кислотаи монофосфат бо таъсири фермент ҷудо кардани боқимондаи кислотаи фосфат ҳосил мекунанд. Бо роҳи синтез низ ҳосил кардан мумкин аст. Хусусан синтези аденозин аз 4,6-диаминопиримидин аз тарафи олимон Тодд, Баддили ва Литго (соли 1946) ҷолиб мебошад.