Jump to content

Адиабата

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адиабата (аз юнонӣ adiábatos – нагузаранда) — хатест, ки дар ҳама гуна диаграммаи термодинамикӣ раванди адиабатии мувозинат (яъне раванди бе мубодилаи гармӣ бо муҳити зист баамалоянда)-ро ифода мекунад. Адиабата барои газҳои идеалӣ намуди содатарин дорад. Дар ин маврид муодилаи адиабата pvγ =const аст. Дар ин ҷо p– фишори газ, v – ҳаҷми хоси он, γ – нишондиҳандаи адиабата, бузургии доимии гази додашуда буда, ба таносуби гармигунҷоиши газ, ки ҳангоми фишори доимӣ (Ср) ва ҳаҷми доимӣ (Сv) муайян карда шудаанд, баробар аст: γ = Ср/ Сv.