Jump to content

Адлия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адлия (аз арабӣ аз адл - ҳамро баробар донистан, аз рӯи ҳаққоният рафтор кардан, инсоф, дод, қонуният) маҷмӯи фаъолияти тамоми мақомоту муассисаҳои судӣ оид ба татбиқи адолати судӣ. Ҳамчунин мафҳуми Адлияро барои муайян намудани нақш ва мавқеи мақомоти алоҳидаи ҳуқуқӣ (масалан, адлияи маъмурӣ) ва ё барои муайян намудани фаъолияти соҳавии мақомоти ҳуқуқӣ (масалан, адлияи ҷиноятӣ) мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар аксари кишварҳои англосаксониву роману германиявӣ Адлия ҳаммаънои адолати судӣ мебошад.

АДЛИЯ - аз калимаи арабии «адл» буда, маънояш адолат, адолатпарварй, дод, додрасӣ, доварй, инсоф, қазоват аст. Дар замони муосир таҳти мафҳуми /^адлия одатан тамоми мақомоту муассисаҳои судӣ ва фаъолияти онҳо оид ба татбиқи адолати судӣ дарк карда мешавад. Гузашта аз ин, мафҳуми ад- лияро барои муайян намудани нақш ва мавқеи мақомоти алоҳидаи ҳуқукӣ (масалан, адлияи маъмурй) ва ё барои муайян намудани фаъолияти соҳавии мақомоти ҳуқуқӣ (масалан, адлияи ҷиноятӣ) мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар аксари кишварҳои дорои низоми англосаксию роману гер- манӣ адлия ҳаммаънои адолати судӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мақоми мустақили давлатӣ, ки мушаххасан бо номи адлия маълуманд, фаъолият мекунанд: а) Вазорати ад-лияи Ҷу мҳурии Тоҷикистон; б) Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар яке аз ин мақомот тибқи талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳукуқӣ фаъолият менамоянд. Самтҳои асосии фаъолияти Вазорати адлия аз таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигарсанадҳои меъёрию ҳуқу қие, ки аз салоҳия- ти ҳокимияти иҷроия бармеоянд, сабти оинномаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳо- дияҳои ҷамъиятӣ, сабти давлатии шахсони ҳуқуқии машгули фаъолияги икти- содӣ, сабти давлатии асноди меъёрии вазоратҳо, ку митаҳон давлатӣ ва идораҳои чумҳуриявй, таъмини иҷрои чазои ҷиноятӣ ва ғайра иборат аст. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин бортибқи тағӣиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999) ба сифати мақоми мус- тақили давлатӣ эътироф шудааст, ворцди низоми мақомоти давлатии Тоҷи- кистон гардид. Шӯрои адлия, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷики- сгон таъсис меёбад, асосан масъалаҳои таъмини кадрии мақомоти судии Ҷум- ҳурии Тоҷикистон то сатҳи вилоятҳо, таъминоти моддию теҳникии судҳо, иҷрои қарору санадҳои дигари судӣ ва ғайраро ҳаллу фасл менамояд. Адлия дар ҳуқуки конститутсионӣ ба чанд мазмун фаҳмида мсшавад: 1) муродифи адолати судӣ; 2) маҷмӯаи муаоси саҳои судӣ, фаъолияти онҳо оид ба амалӣ гардонидани адолати судӣ. Адлияи маъмурӣ, адлияи ҷиной, шаҳр- вандӣ, адлия оид ба корҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо маълум мебошанд. Бо мазму- ни васеъ адлия низоми мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайраро, ки дар мамла- кат амал мекунанд, ифода мекунад. Ҳарчанд аксар вақт мафҳуми адлия бо мазмуни васеъ ба кор бурда мешавад, вале дар бештар мамлакатҳо вазора- тҳои адлия аз болои ҳамаи мақомоти ҳуқуқӣ роҳбарӣ мекунанд. Дар ҶТ Вазорати адлия вазифаҳои таъмини ҳуқуқии фаъолияти меъёртаҳияку нии Президент ва Ҳукумати ҶТ; ба қайд гирифтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ; бақайдгирии давлатии асноди меъёрии вазоратҳо, куми гаҳои давлатӣ ва идораҳои ҷумҳуриявй; литсензиякуноиии фаъолнятн соҳибкорй, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ашхосн ҳуқуқӣ ва ғайраро амалӣ мегардонад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - 620 саҳ.