Адолати иҷтимоӣ
Адолати иҷтимоӣ — принсипи иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқию ҳуқуқӣ, ки мувофиқати байни мақоми амалии гурӯҳи иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷамъият ва вазъияти иҷтимоии онҳо, ҳуқуқу вазифаҳо, рафтору подош, меҳнату мукофот, ҷинояту ҷазоро ифода мекунад.
Адолати иҷтимоӣ дар ҷамоаи ибтидоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҷамоаи ибтидоӣ адолати иҷтимоӣ дар шакли риояи муқаррароти ҷамоа, ҳуқуқи якхела ва истифодаи баробари васоили зиндагӣ зоҳир гашта, ба умумияти моликият ва баробарии иҷтимоӣ асос ёфта буд. Бо пайдоиши моликияти хусусӣ ва нобаробарии ҷамъиятӣ байни Адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ фарқ гузошта шуд. Дар ҷамъияти ба табақаҳои антагонистӣ, золим ва мазлум тақсимшуда адолати иҷтимоӣ буда наметавонад. Табақаи ҳукмрон тамоми он чиро, ки ба манфиатҳои иқтисодиву сиёсиашон мувофиқат мекунад, адолати иҷтимоӣ ва он чиро, ки хилофи манфиатҳояшон аст, беадолатӣ меноманд. Роҳи ҳақиқии аз байн бурдани беадолатии иҷтимоӣ ва барпо кардани муносибатҳои одилонаро дар байни одамон аввалин бор асосгузорони марксизм нишон доданд.
Фарогирии адолати иҷтимоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар натиҷаи моликияти ҷамъиятӣ гардонидани воситаҳои истеҳсолот ва сарнагун шудани табақаи истисморгар адолати иҷтимоӣ тамоми ҷабҳаҳои муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистиро фаро гирифт. Баробарҳуқуқии одамон қатъи назар аз мансубияти иҷтимоӣ, миллӣ, ҷинсу мазҳаб, иштирок дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва маданӣ таъмин гашт, ҳуқуқи баробар ба меҳнат ва мувофиқи принсипи «Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ» музд гирифтан ҷорӣ шуд. Дар замони сотсиализм «…истисмори одам аз тарафи одам имконнопазир мешавад» (Ленин В. И., Ас., ҷ. 33). Вале аз сабаби боқӣ мондани тафовутҳои иҷтимоӣ (байни шаҳру деҳот, меҳнати фикрию ҷисмонӣ, беихтисосу баландихтисос ва ғайра) ҷамъият «қодир нест беадолатии минбаъдаро, ки дар тақсими ашёи истеъмолӣ аз рӯи меҳнат ҷой дорад, дарҳол нест кунад». Бинобар ин дар сатҳи якуми форматсияи коммунистӣ «тафовутҳои ноодилона низ боқӣ мемонанд…» (ҳамон ҷо).
Сабабҳои вайронкардани принсипи адолати иҷтимоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз сабабҳои вайрон кардани принсипи адолати иҷтимоӣ сустшавии назорати давлат аз болои андозаи истеҳсолот ва истеъмолот мебошад. Дар натиҷа, «гурӯҳҳои одамоне пайдо шуданд, ки ошкоро тарафдори мулкдории хусусӣ буда, ба манфиати ҷамъият беэътиноӣ мекунанд». Баробарҳақдиҳии беасос, музди кори кафолатнок новобаста аз саҳми фардии коркун ва сифати маҳсулот дар байни гурӯҳи муайяни одамон рӯҳияи муфтхӯриро ба вуҷуд овард. Номукаммалии системаи музди кор дар баъзе соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ боиси аз нав тақсим кардани неъматҳои моддӣ гашт. Ин қабил зуҳуроти манфӣ дар мафкураи мардум оид ба Адолати иҷтимоӣ ва муваффақиятҳои дар ин бобат бадастомада тасаввуроти ботил ҳосил намуд. Ҳоло назарияҳое пешниҳод шудаанд, ки ақидаҳои марксистии адолати иҷтимоиро дар асоси баробарии моликияти ҷамъиятӣ, инкор карда, нақши моликияти хусусиро дар эъҷоди Адолати иҷтимоӣ эътироф доранд. Баъзеҳо эҳтироми ҳуқуқи одамон умуман таъриф кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.