Адоту-л-фузало

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Адот-ул-фузало)

«Адот-ул-фузало» — фарҳанги тафсирии Бадрмуҳаммади Қозихони Деҳлавӣ. Дар Ҳиндустон соли 1419 навишта шудааст. Аз қадимтарин фарҳангҳои форсии тоҷикист. Манбаъҳои он «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ, «Фарҳангнома»-и Фахри Қаввос, «Дастур-ул-афозил»-и Ҳайрати Деҳлавӣ ва ғайра мебошанд. Муаллиф ба вожаҳову ибораҳои дар ин асарҳо вуҷуддошта вожаҳову ибораҳои нави аз осори Фирдавсӣ, Хоқонӣ, Анварӣ, Саъдӣ ва дигар ҷамъовардаашро илова кардааст. Дар муқаддима муаллиф инчунин оид ба луғат (лексика) ва сарфу наҳви (грамматикаи) забони форсии тоҷикӣ маълумоти мухтасар додааст. «адот-ул-фузало» аз ду қисм иборат аст. Дар қисми якум вожаҳо, дар қисми дуюм таркибҳову ибораҳо шарҳу тафсир ёфтаанд. Дар охири «адот-ул-фузало» муаллиф тафсири вожаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳои арабии «Гулистон»-и Саъдии Шерозиро ҷой додааст. Фарҳангнигорони баъдӣ асари ӯро мавриди истифода қарор додаанд. Як нусхаи комили «адот-ул-фузало» дар китобхонаи Музейи Британия маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Баевский С. И., Описание персидских и таджикских рукописей Института Народов Азии, вып. 4., М., 1962.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]