Jump to content

Анварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анварӣ
Таърихи таваллуд: 1126 ё тақрибан 1116[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1190[2] ё тақрибан 1189[3]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Авҳадуддини Алӣ ибни Муҳаммад ибни Исҳоқи Анварӣ (форсӣ: اوحدالدّین علی ابن محمد انوری‎, маъруф ба Анварии Абевардӣ; 1105, Абеварди Хуросон 1187, Балх) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мадрасаи Мансурияи Тус, ки асосгузори он Низомулмулк буд, илмҳои гуногуни замон — нуҷум, риёзиёт, мантиқ, ҳандаса, тиб, мусиқӣ, ҳикмат ва фалсафаро омӯхт ва чун олим машҳур гардид. Ба шеъргӯӣ ҳангоми таҳсил дар мадраса шурӯъ кард. Шеърҳои нахустинашро бо тахаллуси «Ховарӣ» навиштааст. Анварӣ баъди вафоти падар аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашид ва маҷбур шуд ба хидмати дарбори Султон Санҷар (ҳукмр. 1118—1957) рӯй биёварад. Дар муҳити дарбор зиндагии Анварӣ хуш намегузашт, бинобар ин ӯ соли 1150 хидматро тарк карда ба шаҳри Нишопур рафт. Дар ин ҷо ҳам Анварӣ осудаҳол зиста натавонист, зеро соли 1153 қабилаи ғузҳо ба қаламрави Салчуқиён ҳуҷум карда, Султон Санҷарро ба асирӣ гирифтанд, мардумро қатлу ғорат намуданд. Қасидаи машҳури Анварӣ «Ашкҳои Хуросон» бар асари ҳамин ҳодисаҳо гуфта шудааст. Дар ин қасида муҳаббати шоир ба халқу ватан ифода ёфтааст. Ин қасидаро чун номаи шикоятӣ ба ҳокими Самарқанд фиристод:

Бар Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди саҳар,
Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар.
Номае матлаи он ранҷи тану офати ҷон,
Номае мақтаи он дарди дилу хуни ҷигар.
Номае бар рақамаш оҳи азизон пайдо,
Номае дар шиканаш хуни шаҳидон музмар…

Анварӣ соли 1154 ба Балх омад. Мухолифонаш қитъаи шеъриеро, ки дар ҳаҷви мардуми Балх гуфта шуда буд, дар байни халқ паҳн карданд. Анварӣ барои радди ин туҳмат, ки қариб боиси қатлаш шуда буд, шеъре бо номи «Савганднома» навишт. Анварӣ соли 1164 бо даъвати ҳокими Тирмиз Аҳмади Пирӯзшоҳӣ ба Тирмиз омад. Дар охирҳои умраш Анварӣ аз таърифу тавсифҳои нисбат ба амирону ҳокимон кардааш пушаймон шуда, сӣ соли хидмати дарборро давраи гумроҳӣ, давраи «ҷафо ба нафсу ситам ба ақли хеш» шумурд.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мероси адабии Анварӣ тақрибан аз 15 ҳазор байт — 250 қасида, 337 ғазал, 557 қитъа ва 472 рубоӣ иборат аст. Ба ғайр аз ин китобе дар нуҷум «Ал-Башорат фӣ шарҳи-л-ишорат» ва рисолае дар арӯзу қофия доштаааст. Анварӣ чун устоди баркамоли қасида дар қатори ду нафар шоири бузурги форс-тоҷик ном баровардааст:

Дар назм се тан паямбаронанд
Ҳарчанд ки «ло набия баъдӣ».
Авсофу қасидаву ғазалро,
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Анварӣ дар қасидаҳояш аксаран ба ҳамаи ҷузъҳо — ҳусни тахаллусу мадҳ аҳамият додааст. Тағаззули қасидаҳои Анварӣ аз ҷиҳати забон содаю равон аст. Дар онҳо манзараҳои табиат тасвир шудаанд, аз ҷабру ҷафои ёр, беадолатӣ ва носозгориҳои рӯзгор сухан меравад. Дар эҷодиёти Анварӣ қасидаҳое дучор мешаванд, ки мадҳи мамдӯҳ на аз забони худи шоир, балки аз номи маъшуқа баён шудааст. Анварӣ кӯшидааст, ки дар зери пардаи мадҳи пуробуранг ғояҳои баланд ва фикрҳои пешқадамро ифода кунад. Дар баъзе қасидаҳо на фақат ҳасби холи шоир, балки ихтилофоти фоҷиаангези замон, қисмати мардуми ҷафодида низ тасвир шудааст.

Ғазалҳои Анварӣ аз ҷиҳати забон содаву равонанд. Анварӣ аз ҷумлаи он шоиронест, ки пеш аз Саъдӣ ғазал гуфтаанд ва онро ба қолаби муайян даровардаанд. Хидмати муҳимми Анварӣ дар рушди ғазал ин аст, ки вай мазмуни лирикиро аз вобастагию тобеияти навъи (жанри) мадеҳавӣ берун оварда, чун навъи мустақили адабӣ вусъат дод. Ғазалиёти Анварӣ равон, латиф ва дилчас-панд, бо мусиқӣ (Анварӣ мусиқишинос ҳам буд) алоқа доранд.

Дар қитъаҳои Анварӣ афкору андешаҳои илмӣ, сиёсию иҷтимоӣ, шикоят аз замон ва беадолатии зимомдорони давр ифода ёфтаанд. Муқаттаоти Анварӣ аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа нисбат ба қасидаҳояш васеътаранд. Дар онҳо ҷаҳони ботинии шоир бештар ошкор гардидааст. Баъзе қитъаҳои Анварӣ мутоибавӣ ва ҳаҷвианд. Рубоиёти шоир низ содаву равон суруда шуда, мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, шикоят аз ҷабру ҷафои ёр, шикоят аз давру замон ва ғайраро дар бар мегиранд.

  • Девони Анварӣ, Д., 1972.
  • Самадов Т., Ғазалиёти Анварӣ, Д., 1989;
  • Зарринкӯб Анварӣ, Бо корвони ҳулла, Д., 2004.