Jump to content

Адрас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Занҳои Панҷакент бо сару либоси миллӣ, аз матоъи адрас ва атлас

Адрас (порсӣ: ادرس ) – дар гузаштаи начандон дур адрас аз абрешими нисбатан дурушт бофта мешуд, ки нахи он аз 15-20 пиллаи даҳбанда иборат буд. Ҳар банд 200 нах дошт. Аз ҳар сӯрохи теғи дастгоҳи бофандагӣ чор нахи торро мегузарониданд. Нахи тори беқасаб борику нахи пудаш ғафс мешуд, тори адрас бошад, нахи ғафсу пудаш нахи борики ресмонӣ дошт. Пуди адрас аз се ресмони борики сафед ё ранга иборат буд. Андозаи бари адрасҳо маъмулан се хел мешуд: одӣ (одмиёна) – 40 см, сербар (олчинбар) – 70 см ва камбар (якбара) – 26 см. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро - пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт. Аз адрас куртаю пойҷома, ҷомаҳои занонаю мардона, кӯрпа ва ғайра медӯхтанд.[1][2]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 7 .
  2. Адрас // Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе, 1978. – С. 78.