Адсорбсия
Адсорбсия (аз лотинӣ ad. – ба, назди ва sorbeo – меҷаббам) — дар сатҳи моддаи сахт ё моеъ (адсорбент) ҷаббида шудани дигар моддаи дар шакли газ ё маҳлул қарордошта (адсорбат). Macалан, агар ба маҳлули обии кислотаи сирко як порча ангишт андохта шавад, молекулаҳои кислотаи сирко дар сатҳи ангишт адсорбсия шуда, миқдори кислота дар маҳлул мекоҳад. Одамон адсорбсияро дар фаъолияти амалии худ аз қадимулайём истифода мебурданд, вале тадқиқи он аз нимаи 2-юми садаи XVIII оғоз ёфт. Таълимот оид ба адсорбсия бори аввал аз тарафи У. Гиббс (1876) баён карда шудааст. Адсорбсия аз хосияти молекулаҳои дар қабати сатҳӣ ҷойдоштаи модда вобаста аст. Ҳолати онҳо аз вазъияти молекулаҳои қабати дохилӣ фарқ мекунад. Дар молекулаҳои қабати сатҳӣ миқдори зиёди энергияи озод мавҷуд аст, ки ҳамеша майли коҳидан доранд. Ҳангоми доимӣ будани ҳудуди сатҳӣ худ ба худ кам шудани энергияи озод дар натиҷаи костани кашиши сатҳӣ ба амал меояд; дар натиҷа дар қабати сатҳӣ модда аз муҳити берун фурӯ бурда мешавад. Адсорбсияро, одатан, бо нисбати адсорбат бар воҳиди сатҳи адсорбент ё массаи адсорбент ифода мекунанд. Баъзан адсорбсия танҳо бо қабати болоӣ маҳдуд нашуда, то ба қабатҳои дохилии адсорбент паҳн мегардад. Чунин равандро абсорбсия меноманд. Адсорбсия физикавӣ, химиявӣ ва интихобӣ мешавад. Адсорбсияи физикавӣ худ ба худ аз ҳисоби таъсири ҳамдигарии қувваҳои сусти Вандер-Ваалси ба амал меояд. Дар вақти баланд шудани ҳарорат адсорбсияи физикавӣ коҳиш меёбад, масалан, адсорбсияи баъзе газҳо. Адсорбсияи химиявӣ (хемосорбсия) бо роҳи таъсири химиявӣ ба амал меояд. Баланд шудани ҳарорат адсорбсияи химиявиро метезонад. Дар адсорбсияи химиявӣ реаксияи химиявӣ рух медиҳад. Macалан, СО2-ро фурӯ бурдани СаО ва NН3-po фурӯ бурдани об. Адсорбсияи интихобӣ – бартарӣ доштани адсорбсияи як модда назар ба адсорбсияи моддаи дигар аст. Мувофиқи қонуни Панету Фаянс дар адсорбенти сахт бештар ионҳое, ки ба таркиби он дохил мешаванд, ё ба он ягон умумият доранд, адсорбсия мешаванд. Macалан, дар зарраҳои CaSО4 ионҳои Са2+ ва ионҳои SO42- адсорбсия хоҳанд шуд. Ионҳои валенташон зиёд аз ионҳои валенташон кам зудтар адсорбсия мегарданд. Бузургии адсорбсия ба ҳарорат, сатҳи адсорбент, консентратсияи модда, табиати физикавию химиявии адсорбент ва ғайра вобаста мебошад. Дар адсорбентҳои сахт Адсорбсия шудани ионҳо аҳамияти калон дорад, чунки раванди ба ҳуҷайраҳо ворид шудани моддаҳои минералӣ ва ғизо ба ҳамин асос ёфтааст. Адсорбсия дар софкории шарбат ва май, катализ ва хроматография низ муҳим аст. Истифодаи адсорбсия хоса бо фоликулятҳо (полиакриламид, полиоксиэтилен), желатина ва поливинилпирролидон муфид аст. Адсорбсияро барои ҷудо кардани моддаҳои фаъоли биологии холис – ферментҳо, витаминҳо ва ғайра низ истифода мекунанд. Адсорбсия дар ҷараёни флотатсия, олкорӣ, тозаву соф кардани об, тоза кардани ҳаво (аз газҳои заҳрнок), таҳлили омехтаҳои мураккаб кор фармуда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Евстрабова К. И., Купана Н. А., Физическая и коллоидная химия, М., 1990;
- Самиев М. С., Тӯраев О. Д., Асосҳои химияи умумӣ ва физколлоидӣ, Д., 2004.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.