Jump to content

Акобир Адҳамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Адҳамов Акобир Адҳамович)
Акобир Адҳамов
Акобир Аҳтамович Адҳамов
Таърихи таваллуд 4 сентябр 1928(1928-09-04)
Зодгоҳ Самарқанд, Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 12 ноябр 1993(1993-11-12) (65 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Универститети Давлатии Ӯзбекистон (ҳоло – Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ба номи А. Навои)
Ҷоизаҳо Ордени Нишони Фахрӣ, Медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат» ва диг., «Нишони Фахрӣ»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ

Акобир Адҳамов (4 сентябри 1928, Самарқанд — 12 ноябри 1993, Душанбе) — физикдон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1957), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1968), доктори илмҳои физика ва математика (1964), профессор (1966).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Акобир Адҳамов 4 сентябри соли 1928 дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Факултети физика ва математикаи Универститети Давлатии Ӯзбекистон (ҳоло — Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ)ро (1949) хатм кардааст. Аспирантураи Университети давлатии Москваро хатм намудааст (1953). Муаллими калон, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назарӣ, декани факултети физика ва математикаи )УДТ ба номи В. И. Ленин, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1954—1965), директори Институти физикаи ба номи С. У. Умаров, саркотиби илмии Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон (1965—1968), академик — котиби шуъбаи илмҳои физика ва риёзи, геология ва кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1976—1984).

Акобир Адҳамов инчунин, Узви Шӯрои илмӣ доир ба проблемаҳои ултрасадои Академияи Илмҳои ИҶШС ва узви Шӯрои илмӣ оид ба физикаи моеъоти назди Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС, раиси Шӯрои илмӣ доир ба проблемаҳои амалии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҷонишини раиси Шӯрои илмии )УДТ ба номи В. И. Ленин, доир ба додани унвони илмӣ (соҳаи физика ва математика), узви ҳайати асосии таҳририяи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соҳаи физикаи назарӣ рисолаи номзадӣ (1954) ва рисолаи докторӣ (1964) дифоъ кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ дар Институти физикаи ба номи С. У. Умаров Академияи илмҳои Тоҷикистон бахши физикаи назарӣ ва силсилаи Лабораторияи ултрасадо, таҳлили рентгеноструктурӣ, таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ, криогенӣ ташкил гардид. Тадқиқоти ӯ ба акустикаи молекулавӣ ва назарияи кинетикии паҳншавии мавҷҳои ултрасадо оиданд. Бори нахуст назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъот, назарияи кинетикии эластикӣ ва ғилзату моддаҳои ғайриякҷинса ва ҳодисаҳои интиқолро тадқиқ кардааст. Тадқиқоти илмиро бо фаъолияти педагогӣ пайваста, дар мактаби олӣ физикаи назариявӣ ва курсҳои махсуси онро таълим додааст, ба кори илмии донишҷӯён ва аспирантҳо роҳбарӣ қардааст. Бо роҳбарии ӯ гурӯҳи мутахассисон дар соҳаи назарияи кинетикии модда ва физикаи ултрасадо рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи қариб 100 асари илмист.

  • Ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • Медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин», «Ветерани меҳнат» ва диг.
  • «Нишони Фахрӣ»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон,
  • Ифтихорномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Ба номи Акобир Адҳамов кӯчаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд гузошта шудаанд.

  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с.19
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.