Ажидаҳок (Заҳҳок)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ажидаҳок (Заҳҳок) - (дар Авесто Азидаҳока ва дар паҳлавӣ Аздаҳог ва дар форсӣ Аждаҳо ва Заҳҳок) номи аждаҳоест секаллаву сепӯзаву шашчашм.

Маъно[вироиш]

Дар Авестои кунунӣ ҳеч гуна сухане аз ин ки Ажидаҳок офаридаи инсонӣ ва шоҳ бошад, дар миён нест ва агарчи ӯ низ ҳамонанди шоҳону паҳлавонон пешкаш назди изадон мебарад ва аз эшон хостори пирӯзӣ мешавад, зикре аз нишастани ӯ бар ҷои Ҷамшед ва фармонравоиимдарозмуддати вай нарафтааст. Дар Веда Вишварупа ҳамонанди Ажидаҳок аждаҳои секалла аст, ки говҳоро мерубояд. Санҷиши ин устура бо он бахш аз достони Заҳҳок дар «Шоҳнома», ки гови Бармоя ба дасти ӯ кушта мешавад, метавонад баравшанӣ ёдовари бунёди куҳану муштараки ду устураи эронӣ ва ҳиндӣ бошад. Дар адабиёти порсии миёна (паҳлавӣ) Аздаҳог марде тозист, ки ба Эрон метозад ва бар Ҷамшед чирагӣ меёбад ва пас аз ҳазор соли фармонравоии аҳриманӣ, саранҷом Фаридун бар ӯ мешӯрад ва ӯро шикаст медиҳад ва дар куҳи Дубованд (Дамованд) ба банд мекашад.

Дар китобҳои паҳлавӣ ва дар «Шоҳнома» ба Ажидаҳок лақаби Беварасб (дорои даҳ ҳазор асп) дода шуда ва дар «Шоҳнома» номи ӯ «Заҳҳоки мордӯш» шудааст. Дар навиштаҳои форсӣ ва арабӣ (ва аз он ҷумла дар «Осору-л-боқия») гоҳ сухан аз Заҳҳоки дигаре меравад, ки бо аз миён бардоштани Ҷамшед, заминҳоро аз моликони онҳо бозмеситонад ва ба деҳќонон медиҳад ва занонро низ аз они ҳамагон мешуморад. Доктор Меҳрдоди Баҳор чунин ангоштааст, ки ин Заҳҳок муаррифии ќиёми мардуми бумии Эрон бар зидди ашрофияти ориёӣ бошад, ки дар асотир ба сурати ќиёми шоҳи бегона дар омадааст.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]