Ведаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Веда)

Ведаҳо (санскр. वेद, véda — «дониш», «донистан») — маҷмӯи матнҳои қадими дар ҳазораи 2 то садаи VI то м. ба забони ҳиндии қадим (ведоӣ) таълифшуда, ки дар ташаккули афкори ақлгароёнаи Ҳинди Бостон нақши муҳим доштанд.

То ба имрӯз чаҳор Веда омада расидааст: Ригведа (ҳангоми маросимҳои мазҳабӣ ҳамчун сурудҳои ситоишӣ хонда мешуданд), Атҳара Веда (дониши қоидаҳои сеҳру ҷоду барои мубориза бо қувваҳои шар, ки аз лиҳози мазмуну мундариҷа авроди сеҳрангез, афсун ва як силсила дастуроти тиббиро дар бар мегирад ва моҳиятан аз чандгонапарастӣ дарак медиҳад), Самаведа (дониши оҳангҳо ва овозу сурудҳои махсуси маросимҳои динӣ ва ашъори мунтахаби иқтибосшуда аз Ригведа, ки дар маросимҳои истеъмоли нӯшобаи мастиовару нишотбахши Саома ё Ҳаома хонда мешуданд), Яҷурведа (дониши ҳамаи дуоҳо ва оёти рамзию диниву ирфонӣ).

Марҳилаи охирини инкишофи Ведаҳоро веданта ташкил медиҳад. Дар инкишофи афкори Ҳинди Бостон қисматҳои фалсафии Ригведа (мандали 10-ум) доир ба воҳид, офариниши олам, пуруша, ҳарорати кайҳонӣ ва Упанишадҳо (фарогири масоили марбут ба браҳман, атман, рита, сатя, дҳарма, карма, мокша, матолиби илоҳиёт, кайҳоншиносӣ, охиратшиносӣ ва ғайра) мусоидат намуданд. Хусусан таълимоти Упанишадҳо роҷеъ ба рӯҳи ҷаҳонӣ, назарияи сабабият ва таносух дар таърихи афкори маънавии Ҳинди Қадим нақши муҳим дошт. Шаш мактаби динию фалсафӣ, аз ҷумла буддоияву ҷайния, ки нуфузи олии Ведаҳоро эътироф намекарданд, аз В. маншаъ гирифтаанд. Ведаҳо манбаи пурарзиши ташаккули афкори маънавии давраҳои баъдӣ ба шумор рафта, барои омӯзиши таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҳинди Қадим аҳаммияти калон дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳазратқулов М. Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ. Д., 2006;
  • Радхакришнан С. Индийская философия. Т. 1. М., 1956;
  • Степанянц М. Т. Восточная философия. М., 2001;
  • جلال الدین آشتیانی. گنوستیسزم و مستیسزم. مذاهب هندی. جلد ٣. ویدها. تهران، ١٣٧٦ ه. ش.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]