Азизуллоҳ Зоҳидӣ
Азизуллоҳ Зоҳидӣ (форсӣ: عزیزالله زاهدی[1]), мутахаллис ба Азиз (форсӣ: عزیز; ? — қарни XV) — хаттот ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо тахаллуси Азиз низ машҳур аст. Ӯ ба «Дарёи аброр»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ҷавоб гуфта, дар пайравии «Таҷнисот»-и Котибӣ бо номи «Равзату-л-ошиқин» даҳномае сурудааст, ки тақр. аз 1000 байт иборат аст. Дар муқаддимаи мансури «Равзату-л-ошиқин» Зоҳидӣ овардааст, ки соли 1407 ба Ҳирот рафта, дар мадрасаҳои он ҷо 10 сол таҳсил кардааст. Баъд ба дарбори Бойсунқур Мирзои писари Шоҳрух (ҳукмронӣ 1409-47) роҳ ёфта, соли 1417 маснавии худро ба номи ӯ танзим намудааст. Азбаски Зоҳидӣ даҳномаи худро дар пайравии «Таҷнисот»-и Котибӣ эҷод кардааст, ҳар байти ин асар дорои санъати таҷнис ва зуқофиятайн аст.
Чунончи:
Зуҳраро чанг ё рабоб кӣ дод?
Лаъл дар санг, ё Раб, об кӣ дод?
Як нусхаи «Равзату-л-ошиқин»-и Зоҳидӣ дар китобхонаи Музейи Бритониё маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ عزیزاللَّه زاهدی. rasekhoon.net. 23 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоҳидӣ / А. Афсаҳзод // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.