Азизуллоҳ Қадрии Балхӣ
Зоҳир
Азизуллоҳ Қадрии Балхӣ (форсӣ: عزیزالله قدری بلخی; ? — қарни XIX) — шоири форс-тоҷик ва аз наҷибзодагони Балх.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бухоро таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Охири умраш дар хидмати Садри Сарир гузаштааст. Аз осори Қадрӣ намунаҳо тавассути тазкираҳо (мас. «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб»-и Возеҳ) ва баёзҳо боқӣ мондаанд.
Ин байт аз ӯст:
Аз тиҳидастӣ нагардад шуҳрати дониш баланд,
Сурма бошад тирабахтӣ бонги илму фазлро.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қадрӣ / М. Ҷалилова // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.