Азимои Нишопурӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1698 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Азимои Нишопурӣ (форсӣ: عظیمای نیشابوری; ? — 1698, Нишопур) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш — Нишопур таҳсил кардааст. Бо тахаллуси «Азим» ва «Азимо» шеър гуфтааст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ Азимои Нишопурӣ дар шеъру шоирӣ «шӯҳраи офоқ…» буд. Махсусан, дар Мовароуннаҳр шуҳрати тамом доштааст. Ду нусха аз девони ашъори Азимои Нишопурӣ боқӣ мондааст, ки яке дар китобхонаи Музейи Британия ва дигаре дар Китобхонаи Авади шаҳри Банкипур маҳфузанд. Ҳар ду нусха мукаммал буда, дар онҳо ғазалиёт, қасоид, рубоиёт, таркиббанду тарҷеъбандҳо ва қитъаҳои сурудаи Азимои Нишопурӣ фароҳам омадаанд.
Аз Азимои Нишопурӣ инчунин маснавие бо номи «Фавзи Азим» боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Азимои Нишопурӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.