Jump to content

Азминаи иқоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Азминаи иқоӣ — дар назарияи мусиқии форс-тоҷик фосилаи замонии байни ду нақра (садои зарбӣ). Дар илми адвор иқоъ ду навъ мешавад: яке мувассал ва дигаре муфассал. Дар иқои мувассал бояд азминаҳо (замонҳо)-и байни нақарот бо ҳам мусовӣ бошанд, ки он ба таркиби алҳонӣ вобастагӣ дорад. Вале дар иқои муфассал аз минаҳо аз ҷиҳати тӯл гуногунанд. Нигар низ Иқоъ ва Фосила.