Jump to content

Азоби рӯҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Азоби рӯҳӣ — маҷмӯи эҳсосҳои ниҳоят нофорам, нохуш, ногувор, вазнин, озордиҳанда ва пуразияти мавҷудияти зинда, ки дар рафти он инсон азоби сахти ҷисмонӣ ва рӯҳӣ мекашад. Азоби рӯҳӣ эҳсоси дарду азият, бадбахтӣ, мусибат ва ғаму ғуссахӯрӣ буда, бадшавии ҳолати рӯҳии инсонро ифода мекунад. Азоби рӯҳӣ мутамарказшавии амалҳои фикрии инсонро ба ин ё он муаммои душворҳал инъикос менамояд. Ин метавонад афсӯсхӯрӣ аз айёми гузашта, тарс аз ояндаи торику норавшан, ҳасадхӯрӣ, қонеъ нагаштани хоҳишу талабҳо ва ғайра бошад. Азоби рӯҳӣ ҳамчун зуҳуроти эҳсосот вобаста ба хусусиятҳои фардию психологии шахс метавонад ҳар хел сурату ҷараён гирад: якеро ба доми худ кашад ва дигаре аз ин азобу алам, азиятҳо таҷриба андӯхта, дорои малакаи азсаргузаронии беоқибати азоби рӯҳӣ мешавад. Масалан азсаргузаронии мусибат яке аз зуҳуроти шадидтарини азоби рӯҳӣ мебошад ва танҳо мусаллаҳ будан бо усулҳои пешгирию пастнамоии он метавонанд ҳолати азоби рӯҳии нсонро нисбатан мӯътадил гардонанд. Азоби рӯҳӣ кашидан аз масъалаҳои муҳими психологияи амалӣ буда, муайян намудани роҳҳои осон азсаргузаронии он аз мавзӯъҳои тадқиқотии он ба шумор меравад.