Азов (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шаблон:Шаҳрҳо ва ноҳияҳои Русия

Азов — шаҳр дар вилояти Ростови Федератсияи Россия. Дар соҳили дарёи Дон, 7 км дуртар аз резишгоҳи он ба халиҷи Таганроги Баҳри Азов ҷойгир аст. Аҳолиаш 82,1 ҳазор нафар (2004). Бандари баҳрию дарёӣ дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давраҳои қадим дар ҳудуди Азов юнониҳо, скифҳо ва хазарҳо маскун буданд. Асрҳои 10 – 11 дар ҳайати князигарии Киеви Рус буд. Дар соли 1067 Азовро қипчокҳо забт карда, онро Азак номиданд. Азовро соли 1395 қӯшунҳои Темур ва соли 1471 туркҳо ишғол намуда, онро ба истеҳкоми ҳарбӣ табдил доданд. Солҳои 1637 – 1642 Азов дар дасти казакҳои Дон буд. Соли 1696 Азовро қӯшунҳои Россия ишғол карданд. Соли 1708 Азов маркази губернияи Азов, чанд муддат (1711 – 1739) дар тасарруфи Империяи Усмонӣ буд ва баъдан боз ба Россия ҳамроҳ гардид. Дар Азов заводи автоматҳои пресси оҳангарӣ, коргоҳҳои киштисозӣ, саноати сабук (фабрикаҳои ҷуроббофӣ, пойафзор, дӯзандагӣ ва ғайра), хӯрокворӣ (асосан моҳӣ), масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Техникумҳои политехникӣ, индустриявию педагогӣ, омӯзишгоҳи педагогӣ ва музейи таърихӣ-кишваршиносӣ дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]