Jump to content

Азурит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азурит

Азури́т (фр. azurлазур, лоҷвард) — минералест аз гурӯҳи карбонатҳо. Формулаи химиявиаш Ca3[CO3]2(OH)3. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ. Кристаллҳояш, одатан, кӯтоҳи призмашакл буда, бештар дар шакли хока вомехӯрад. Рангаш нилобӣ, ҷилояш шишагун. Сахтиаш 3,5 – 4; зичиаш 3770 – 3890 кг/м3. Дар минтақаи оксидшавии конҳои мис аз ҳисоби халкоперит, борнит ва дигар минералҳои мисдор пайдо мешавад. Азурит маъдани муҳими мис буда, дар таркибаш 55,3% мис дорад. Аз Азурит ранги нилобӣ низ тайёр мекунанд.