Азхудкунии дониш
Зоҳир
Азхудкунии дониш — фаъолияти дарккуние, ки барои аз худ кардани дониш, маҳорат ва малакаҳо мусоидат менамояд. Раванди азхудкунии дониш майли равонӣ (психологӣ) дошта, ҳангоми фаъолияти таълимӣ ва амалии хонандагон дар шуури онҳо ҳамчун инъикоси таъсири педагогӣ зоҳир мегардад ва ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷаҳонбинии онҳо мадад мерасонад. Дар натиҷаи дуруст ва оқилона ташкил кардани раванди азхудкунии дониш азхудкунии дониш хонандагон системаи донишҳоро пурра аз худ мекунанд, равобити реалӣ, вобастагии байни ашё ва воқеияти ҳодисотро инъикос намуда, ба воқеӣ будани олам сарфаҳм мераванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.