Аз Робиа то Парвин (асар)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Унсури холии Викидода

«Аз Робиа то Парвин»асари адабиётшиноси Эрон Кашоварзи Садр, ки соли 1955 дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Муаррифӣ[вироиш]

«Аз Робиа то Парвин» ҳаёт ва фаъолияти 105 шоираи форсизабонро, ки дар асрҳои 9 – 20 зистаанд, фаро мегирад. Муаллиф дар муқаддима роҷеъ ба мавқеи зан дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва маданиву адабии Шарқ, аз ҷумла дар хусуси занони маъруфе, ки дар идораи давлат ширкат доштанд, мухтасар маълумот додааст. Қисми дуюми муқаддима «Таъсири занон дар шеъри форсӣ» ном дорад. Дар ин қисм муаллиф роҷеъ ба Робиаи Балхӣ сухан ронда, аввалин шоираи форсизабон будани ӯро исбот кардааст. Дар асар мавқеи Маҳастии Хуҷандӣ ва Парвини Эътисомӣ дар таърихи адабиёт муайян шудааст. Қисми «Зан ва ирфон» ба Фотимаи Нишопурӣ ва Зубайдаи Фаришта ва қисми «Зан ва ҳунарҳои дигар» ба занони ҳунарманд – Ҳоҷиямоҳ, Рухсорхонум ва Мутриба бахшида шудааст. Дар қисми асосии китоб ному насаби шоираҳо (ба тартиби алифбои форсӣ), зиндагинома ва намунаҳои ашъорашон омадааст. Дар охири асар номгӯи «Маъхазе, ки дар муқаддима ва матни ҳавошӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд», «Феҳристи муқаддима», «Феҳристи матни китоб ва ғалатнома» ҷой гирифтаанд. «Аз робиа то парвин» барои тадқиқи эҷодиёти шоираҳои форс-тоҷик аҳамияти бузург дорад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]