Jump to content

Аз даъво даст кашидани даъвогар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аз даъво даст кашидани даъвогар - аз ҷониби даъвогар дар маҷлиси судӣ инкор карда шудани ҳимояи минбаъдаи судии талаби ҳуқуқии моддии худ мебошад. Мувофиқи моддаи 43 Кодекси граждании ҶТ дархости даъвогар дар бораи даст кашидан аз даъво дар протоколи маҷлиси судӣ сабт шуда, даъвогар бояд бевосита дар протоколи маҷлиси судӣ имзои худро гузорад. Агар аз даъво даст кашидани даъвогар дар аризаи хаттии ба номи суд навишташуда ифода ёфта бошад, ин ариза ба маводи парванда замима карда мешавад. Дар ин бора дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад. Пеш аз қабули аз даъво даст кашидани даъвогар суд ба ӯ оқибатҳои мурофиавии аз даъво даст кашиданро фаҳмонида мсдиҳад. Дар бораи кабули аз даъво даст кашидани даъвогар суд таъйиноти асоснок мебарорад ва истеҳсол отро оид ба парвандаи гражданӣ катъ менамояд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 20-21