Jump to content

Даъвогар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Даъвогар — иштирокчии мурофиаи гражданию хоҷагӣ мебошад. Даъвогарон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (юридикӣ) буда метавонанд. Тибқи талаботи моддаи 4 КМГ ва КМХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахси манфиатдор ҳақ дорад барои муҳофизати ҳуқуқи вайронкардашуда ва ё манфиати бо қонун муҳофизатшавандааш ба суд муроҷиат намояд. Даъвогар ҳамчун яке аз тарафҳои мурофиа дорои ҳуқуқҳои мурофиавӣ мебошад. Даъвогар ҳуқуқ дорад бо маводи парванда шинос шавад, дар давоми баррасии парванда асос ва предмети даъворо тағӣир диҳад, миқдори талаботи даъворо зиёд ё кам кунад, аз даъво даст кашад, изҳори рад карданро дорад, далелҳо пешниҳод намояд, дар таҳқиқи далелҳо ишти-рок намояд, ба таври маҷбурӣ иҷро кардани ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи судро талаб намояд, ба санади судии қабулкардашуда шикоят биёрад ва ҳуқуқҳои дигареро, ки қонунҳои му рофиавӣ муқаррар кардаанд, истифода намояд. Қонун ба прокурор, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигар ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамьиятӣ, ҳуқуқи муроҷиат кардан ба судро додааст. Дар ин маврид даъвогар он шахсе мебошад, ки даъво ба манфиати ӯ ба суд пешниҳод шудааст. Мақомоти зикргардида бо ҷавобгар ҳуқуқи бастани мувофиқаи созишро надоранд. Инчунин ҳангоми аз ҷониби онҳо даст кашидан аз даъвои пешниҳодкардаашон даъвогар ҳуқуқ дорад аз суд талаб кунад, ки парванда моҳиятан баррасӣ карда шавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 151-152