Айбдории хусусӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Айбдории хусусӣ- шакли махсуси таъқиби ҷиноятие мебошад, ки бо ташаббуси ҷабрдида оғоз карда мешавад. Хусусияти айбдории хусусӣ дар он ифода меёбад, ки ҷабрдида дар як вақт ҳамчун айбдоркунанда низ баромад мекунад. Қонуни мурофиавӣ имконият медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ, ки бо хоҳиши ҷабрдида оғоз гардидааст, бо сабаби оштӣ шудани тарафҳо қатъ карда шавад. Қонуни мурофиавӣ оштишавии ҷабрдида бо айбдоршавандаро то ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм даромадани ҳайати судӣ, роҳ медиҳад. Агар парвандае, ки бо шикояти ҷабрдида оғоз гардидааст, аҳамияти ҷамъиятӣ дошта бошад, прокурор метавонад дар мурофиаи судӣ ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ иштирок кунад. Дар чунин мавридҳо парвандаи ҷиноятй дар асоси қоидаҳои умумӣ дида мешавад. Дар мавриди иштирок доштани прокурор ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ парванда бо сабаби оштӣ шудан бо судшаванда қатъ карда намешавад. Парвандаҳои ҷиноятие, ки бо шикояти шахси ҷабрдида оғоз карда мешаванд дар м. 104 КМҶ ҶТ нишон дода шудааст.[1].

Нигаред[вироиш]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.28