Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд — барои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ воситаи худифодакунӣ ва ошкор намудани лаёқат, таъмини шаъну шараф, ки барои шахсияти озод ҳос аст, воситаи амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ дар идораи ҷомеа, таъмини шароити зарурии нқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими моддию маънавӣ мебошанд.

Боби 2 Конститутсия, ки ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, аз 33 модда иборат буда, аксари онҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои муайян меъёр муқаррар намудаанд. Онҳо на аз маҷмӯи одӣ, балки аз низоми мураккабе иборатанд, ки асоси мантиқй ва мазмуну таъиноти махсус доранд. Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро тибқи Конститутсия ба тариқи зайл тасниф кардан мумкин аст:

  1. ҳуқуқу озодиҳои фардӣ;
  2. ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ;
  3. ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ;
  4. вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд;
  5. ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар вазъияти фавқулодда;
  6. кафолати хуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд муносибату алоқаҳои муҳимтарини байни шаҳрвандро бо давлат инъикос намуда, мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян менамоянд.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 534