Айбдоркунии хусусӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Айбдоркунии хусусӣ — шакли махсуси таъқиби ҷиноятӣ, ки бо ташаббуси ҷабрдида оғоз карда мешавад. Вежагии айбдоркунии хусусӣ он аст, ки ҷабрдида дар як вақт ҳамчун айбдоркунанда низ зуҳур мекунад. Қонуни мурофиавӣ имконият фароҳам меоварад, ки парвандаи ҷиноятии бо хоҳиши ҷабрдида оғозгардида бо сабаби оштӣ шудани тарафайн қатъ карда шавад. Агар парвандаи бо шикояти ҷабрдида оғозгардида аҳамияти ҷамъиятӣ дошта бошад, прокурор метавонад дар мурофиаи судӣ ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ ширкат намояд. Дар чунин маврид парвандаи ҷиноятӣ дар асоси қоидаҳои умумӣ баррасӣ карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]