Айният (математика)
Зоҳир
Айният дар математика, баробарии ду ифодаи таҳлилӣ, ки барои ҳамаи қиматҳои имконпазири ишораҳои онҳо ҷой дорад. Масалан, 1) баробарии (a + b) ^2 = a^2 + 2ab + b^2 барои ҳамаи қиматҳои а ва b дуруст аст; 2) барои ҳамаи қиматҳои ададии a≠b ҷой дошта, аммо ҳангоми a=b будан қисми чапи баробарӣ маънояшро гум мекунад; 3) баробарии lgxy= lgx+ lgy барои ҳамаи қиматҳои x› 0, y› 0 ҷоиз буда, лекин ҳангоми x‹ 0, y‹ 0 будан қисми рости баробарӣ маъно надорад. Агар яке аз ифодаҳои таҳлилӣ бо табдили айниятии дигаре ҳосил гардад, ду ифодаи таҳлилӣ айниятан баробар мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.