Айният (метофизика)
Айният — ҳува-ҳува, мафҳумест, ки ҳолати баробарии мутлақи ашёро ҳам аз рӯи ҷинсу навъ ва ҳам аз рӯи нишонаҳои устувори фардӣ ифода мекунад. Айният хилофи тафовут аст. Зеро амалҳои тафаккур имконият медиҳанд, ки дар ҷараёни маърифат ҷиҳатҳои куллӣ ва фардии ашё ошкор карда шаванд. Агар кулл ба Айният далолат намояд, фард ба тафовут ишора мекунад.
Таъбири айният
[вироиш | вироиши манбаъ]Таъбири Айният ду навъ аст: метафизикӣ ва диалектикӣ. Айнияти метафизикӣ маҳдуд буда, Айниятро ҳамчун Айнияти мутлақ, абадӣ, тағйирнаёбанда мепиндорад. Ф. Энгелс таъкид намудааст, ки принсипи Айният ба маънои кӯҳнаи метафизикиаш принсипи асосии ҷаҳонфаҳмии кӯҳнаест, ки мувофиқи он А=А (яъне ҳар як ашё ба худ баробар) аст. Лекин принсипи мазкур дар мантиқ маънои дигар дорад. Айнияти диалектикӣ робитаи мутақобилаи ашёро дар назар дорад. Дар он ашё бо вуҷуди ба худ айният доштан тағйирёбиро истисно намекунад. Яъне ашё дар нисбати кулл Айниятро ташкил дода, аз фарду махсус тафовут дорад. Ин ҳолат Айнияти нисбӣ, муваққатӣ, гузаранда буда, инкишоф, табдил, тағйирёбии ашё мутлақ аст. Аз ин рӯ, Айният муҷаррад не, балки мушаххас мебошад. Дар илмҳои математика ва мантиқ Айният ба маънои муҷаррад ва мутлақ истифода мешавад. Дар онҳо аз тафовути воқеии ашё сарфи назар намуда, объектҳоеро ҳосил мекунанд, ки натиҷаи айниятдор кардани ашёи воқеӣ мебошанд. Лекин ин маънои онро надорад, ки математика ва мантиқ тафовутро ба эътибор намегиранд. Айният дар мантиқ яке аз қонунҳои тафаккур аст, ки мувофиқи он ҳар як фикр ё истилоҳҳангоми баҳсу мунозира, андешаю мулоҳиза ва ё собит намудани чизе фақат ба як маъно, яъне ба маънои аслии худ истифода мешавад; ҳар як фикр худ ба худ айниятдор аст. Қонуни мазкур бо формулаи А=А ё А – А ифода мешавад.
Қонунҳои айният
[вироиш | вироиши манбаъ]Қонуни Айният дар қатори қонунҳои дигари тафаккур яке аз принсипҳои асосии мантиқи шаклист, зеро қонунҳои тафаккур дастурҳои умумие мебошанд, ки дар ҷараёни маърифат ба онҳо истинод намуда, талаботи онҳоро риоя мекунанд. Агар талаботи қонуни Айният риоя нашавад, пас фикрҳои айниятдор хилофи ҳамдигар дониста шуда, фикрҳои гуногун А. дода мешаванд. Чунин ҳолат бо хусусиятҳои луғавии мафҳумҳо ва калимаҳо алоқаманд аст, алалхусус истифодаи нодурусти синонимҳою омонимҳо тартиби мантиқии фикр ва возеҳии онро халалдор мекунад. Мусоҳибаи зер мисоли равшани он аст: «Чизеро, ки ту гум накардаӣ, дорӣ? Ҷавоб: Албатта. – Магар ту шохҳоятро гум накардаӣ? Ҷавоб: Не. – Пас ту шох дорӣ». Шубҳае нест, ки натиҷа дурӯғ аст, зеро ибораи «гум кардани чизе» дар ҷумлаҳои якум ва дуюм маъноҳои гуногунро ифода мекунад. Вайрон намудани талаботи қонуни Айният боиси хатои мантиқӣ – таъвизи мафҳуммегардад. Классикони фалсафа ва мантиқ (Арасту, Ибни Сино, Гегел ва Энгелс) ба қонуни Айният аҳамияти калон додаанд. Онҳо духӯрагӣ, ноаниқӣ ва мубҳамии фикрро танқид мекарданд. Ф. Энгелс дар асараш «Доир ба масъалаи манзил» муҳокимаронии як прудонистро танқид намуда, менависад, ки барои ӯ иҷорапулӣ ё фоизи барои капитал гирифташаванда фарқ надорад, чунон ки майори пиронсол байни духтур ва доктори фалсафа фарқе намегузорад (нигар. Маркс К., Энгелс Ф., Ас. мунт., ҷ. I, саҳ. 617). Ҳамин тавр, мувофиқи қонуни Айният тафаккури дуруст бояд возеҳ бошад. Возеҳӣ, аниқии фикр хосиятҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тафаккури мантиқист.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ивлев Ю. В., Логика, М., 2004; Гетманова А. Д., Логика, М., 2006; Логика, М., 1955; Кириллов В. И., СтарченкоА. А., Логика, М., 2002.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.