Jump to content

Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акаде́мияи ху́рди илмҳо́и Ҷумҳури́и Тоҷикисто́н — иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ, ки барои тадбирҳои интихоби касбу ҳунари мактаббачагон ва ҷалби онҳо ба эҷодиёти муташаккилонаи илмию техникӣ, инкишофи маърифат, малакаҳои илмию тадқиқотӣ, ихтироъкорӣ, фаъолияти таҷрибавии беруназдарсӣ таҳти роҳбарии олимон, устодони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мутахассисони хоҷагии халқ нигаронида шудааст.

Соли 1971 дар заминаи Қасри пионерону мактаббачагони ҷумҳурӣ бо ибтикори АИ ҶШС Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҶТ, КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, бо ҳамкории зичи Ҷамъияти умумииттифоқии ихтироъкорону ратсионализаторон, садорати ҷумҳуриявии Иттифоқи ҷамъияти илмиву муҳандисии ИҶШС, ҷамъияти ҷумҳуриявии «Дониш» ва ғайра таъсис ёфтааст. Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли фаъоли ҳамкории пажӯҳишгоҳҳои АИ ҶТ, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби хонандагони соҳибистеъдоди синфҳои болоии мактабҳои миёна барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад. Раёсаташро Президент ба уҳда дошта, ду ноиби Президент ва котиби илмӣ аъзои он ҳастанд. Мақоми идоракунии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмии хонандагони синфҳои болоӣ мебошад, ки дар он намояндагони ҳамаи бахшҳо шомиланд. Шӯро ба ҳалли масъалаҳои ташкилии фаъолияти Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷаласаҳо машғул мегардад. Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал аз панҷ бахш – илмҳои ҷамъиятӣ, физикаю математика, геологияю химия, тиббию биология, кишоварзӣ иборат буд. Соли 1983 дар Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои иқтисод, экология, рӯзноманигорика, филологияи тоҷик, педагогикаю психология, меъморӣ ташкил ёфтаанд. Соли 1987 филиалҳои он дар Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, инчунин як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кушода шудаанд. Ба ҳар узви Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома, ба беҳтаринҳо унвони «узви пайваста» ва «узви вобаста»-и Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Аъзои академия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аъзои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои таълимии муассисаҳои илмӣ, кафедраю факултетҳои мактабҳои олӣ ҳамаҷониба истифода мебаранд. Масалан, аъзои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши меъморӣ бевосита дар синфхонаҳои шуъбаи меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ таҳсил менамоянд ё дар ҳафриёте, ки Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ мегузаронад, ҳамроҳи олимон иштирок менамоянд. Аз миёни аъзои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони зиёде ба илму дониш дил баста, ҳоло ҳамчун олимони варзида ва мутахассисони боистеъдод дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Аз соли 2009 Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АИ ҶТ мақоми расмӣ гирифт.

Президентҳои академия

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • И. Носиров (1971 – 80),
  • Х. Каримов (1980 – 81),
  • Д. Почоҷонов (аз соли 1981).