Акбар Абдулло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Акбар Абдулло
Санаи таваллуд:

9 июн 1950(1950-06-09) (69 сол)

Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир

Акбар Абдуллошоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)

Зиндагинома[вироиш]

Акбар Абдулло 9 июни соли 1950 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст.

Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи ба номи Т.Г.Шевченкои ноҳияи Восеъ гирифта, солҳои 1965–1969 дар Техникуми индустриалӣ-педагогии Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 1969-1971 хизмати ҳарбиро адо намудааст. Солҳои 1972-1976 шунавандаи Мактаби олии Вазорати умури дохилаи Иттиҳоди Шӯравӣ (дар Тошканд) будааст. Курсҳои махсуси касбиро баъдтар дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград ва Қоҳира анҷом додааст.

Эҷодиёт[вироиш]

Нахустин чакидаҳои хомааш аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои Туркманистон ва Русияву Қазоқистон ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Розҳои танҳоӣ» (1991), «Фарёди дур» (1993), «Фарёди ёри дур» (1995, ба ҳуруфи арабӣ), «Кошонаи сӯхта» (1997) «Созҳо аз розҳо»(2001), «Ниёзи дил» (2008), «Шоири дардҳо» (2011) ва ғ. мебошад.

Дорандаи чандин мукофоти давлатию хидматӣ.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 18 ISBN 978-99947-2-379-9