Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон | |
| Таърихи таъсис | 1934 |
|---|---|
| Кишвар | |


Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — ташкилоти ҷамъиятӣ ва эҷодии нависандагон, шоирон, драматургҳо, адабиётшиносон ва тарҷумонҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар рушди адабиёти тоҷик, ҳифзи мероси адабӣ ва пуштибонии адибони кишвар нақши муҳим дорад[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Иттифоқи нависандагон аз созмонҳои бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. Дар замони Шӯравӣ таблиғи ғояҳои коммунистӣ яке аз самтҳои аслии фаъолияти иттифоқи нависандагон маҳсуб меёфт. ИНТ ҷузъи таркибии Иттифоқи нависандагони СССР буд. ИНТ майи 1934 дар Анҷумани I нависандагони Тоҷикистон ташкил ёфт. То ин вақт Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон вуҷуд дошт, ки 11 январи 1931 таъсис шуда буд. 10 июни 1932 КМ ПК(б) Тоҷикистон дар бораи ба ҳаёт татбиқ намудани қарори КМ ВКП (б) «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабии эҷодӣ» чораҳо андешид: аз ҷумла таъсиси Бюрои Ташкилии Иттифоқи нависандагони шӯравии Тоҷикистон пешбинӣ шуд. Дар ҳайати бюро 10 адиб бо роҳбарии Айнӣ ва Лоҳутӣ дохил буданд. Муттаҳид шудани қувваҳои адабӣ дар як ташкилот ба инкишофи эҷодӣ ва ғоявии нависандагон имкон дод. Методи эҷодии нависандагони Тоҷикистон, ба мисли тамоми нависандагони шӯравӣ, методи реализми сотсиалистӣ буд. Солҳои ҶБВ бисёр нависандагони тоҷик дар сафҳои Армияи Шӯравӣ буданд; 40 нафар бо ордени Ситораи Сурх, 8 нафар бо ордени Ҷанги Ватанӣ қадрдонӣ шудаанд, 4 нафар қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Анҷуманҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Органи олии роҳбарикунандаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — Анҷумани ИТН (номи аввалааш, Съезди ИТН), органи иҷроия Раёсат мебошад. Раёсат аз ҳайати худ Президиум ва Котиботи ИНТ интихоб мекунад, ки онҳо тамоми корҳои ҷории ташкилӣ ва эҷодиро анҷом медиҳанд. Аввалин раиси Правления Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абулқосим Лоҳутӣ буд. Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон соли 1934, дувум соли 1947, севум соли 1954, чорум соли 1959, панҷум соли 1966, шашум соли 1971, ҳафтум соли 1976, ҳаштум соли 1981, нуҳум соли 1986, даҳум соли 1991, ёздаҳум соли 1997, дувоздаҳум соли 2003, сездаҳум соли 2009 баргузор гардида, ҷараёни адабиётро ба маҷрои дархури замону ҷомеа ворид овардаанд.
Анҷуманҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: (аз с. 1934 то с. 2025 шонздаҳ анҷумани ИНТ баргузор гардидааст)[2][3]
Сарварон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Саид Носиров (1934),
- Абулқосим Лоҳутӣ (1935),
- Аҳмадбек Мавлонбеков (1935 – 1937),
- Нодир Шанбезода (1937 – 1938),
- Сотим Улуғзода (1944 – 1946),
- Мирзо Турсунзода (1946 – 1977),
- Мӯъмин Қаноат (1977 – 1991),
- Аскар Ҳаким (1991 – 2003),
- Меҳмон Бахтӣ (2003 – 2008-2015). раиси ИНТ –
- Низом Қосим — аз соли 2015.[2]
Раисии Кумитаи ташкилотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои 1938—1939 Абдусалом Деҳотӣ, дар солҳои 1940—1944 Мирзо Турсунзода бар уҳда доштаанд.[4] Солҳои 1946—1977 раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода буд. Аз соли 1977 котиби якуми ИНТ Муъмин Қаноат. Баъдтар Аскар Ҳаким раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Алҳол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аст.[4]
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз раис, ду нафар ҷонишин ва ҳайати раёсат иборат аст, ки дар анҷумани нависандагон интихоб мешаванд. Дар назди раёсати Иттифоқи нависандагон бахшҳои назм, наср, драматургия, адабиёти кӯдакону наврасон, танқиди адабӣ, тарҷума ва робитаҳои адабӣ, адабиёти русизабону ӯзбекзабон босамар фаъолият мебаранд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамчунин, эҷодкорони миллатҳои гуногунеро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод мекунанд, пайваста сарҷамъу муттаҳид медорад.
Шуъбаҳои иттиҳодия ва марказҳои тарғиби адабиёти он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии гуногуни кишварамон босамар заҳмат мекашанд. Анҷуманҳо, пленумҳо, маҷлисҳои эҷодӣ, даҳаву ҳафта ва рӯзҳои адабиёт, семинарҳо ва курс-конфронсҳои адибони ҷавон, ки дар давоми 80 соли гузашта мунтазам баргузор шудаанд, пеш аз ҳама, барои ба майдон овардани адабиёти асиле хидмат кардаанд, ки ҳамнафаси халқу ҳамқадами замон, мураббию мубаллиғи ахлоқи ҳамида, роғиби эҳсоси баланди ватанпарварию миллатдӯстӣ ва хидматгору раҳнамойи бебадали мардум бошад. Анҷуманҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: (аз с. 1934 то с. 2014 сенздаҳ анҷумани ИНТ баргузор гардидааст),
Дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хазинаи адабиёт (нахустин раисаш Алӣ Хуш) ва Идораи тарғиби адабиёт мавҷуданд; ҳамчунин шӯрои наср, назм, драматургия, очерк ва публитсистика, тарҷумаи бадеӣ ва робитаҳои адабӣ ва шӯрои адабиёти бачагон фаъолият доранд. ИНТ ҳамчунин, эҷодкорони миллатҳои гуногун (ӯзбекзабонон ва русзабонон)ро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод мекунанд, сарҷамъу муттаҳид медорад.
Дар вилоятҳои ВМКБ, Суғд, ва Хатлон шуъбаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 443 нафар аъзо дорад.[2]
Ду фароғатгоҳи муҷаҳҳаз — яке дар дараи Варзобу дигаре дар Вилояти Суғд, дар хидмати адибону аҳли хонадони эшонанд.
Танқид ва арзёбии илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар адабиётшиносӣ аз дидгоҳҳои гуногун мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, Иттифоқ дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои фарҳангӣ ва ташкилии худ, зери таъсири сиёсати ҳизбӣ ва идеологӣ низ қарор дошт. Ин вобастагӣ боиси маҳдуд гардидани гуногунандешӣ ва озодии эҷодӣ дар бархе давраҳо гардидааст.[5]
Яке аз самтҳои асосии танқид ба ҷорӣ гардидани методи расмии реализми сотсиалистӣ вобаста аст, ки ҳамчун усули ягонаи эҷодӣ пазируфта шуда, имкони рушди равияҳо ва услубҳои дигарро маҳдуд мекард. Ба андешаи муҳаққиқон, ин равиш ба якнавохтӣ ва қолабигардонии эҷоди адабӣ оварда расонд. [6]
Дар баробари ин, бархе таҳқиқотҳо ба масъалаи сохтори ташкилӣ ва интихоби кадрҳо ишора мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо меъёрҳои сиёсӣ нисбат ба меъёрҳои касбӣ авлавият дошта, ин ҳолат боиси канор мондани бархе адибони мустақил аз фаъолияти Иттифоқ мегардид. [7]
Ҳамзамон, арзёбиҳои мутавозини илмӣ таъкид менамоянд, ки камбудиҳои зикршуда бештар маҳсули шароити умумии сиёсиву иҷтимоии давр буда, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик, муттаҳид сохтани неруҳои адабӣ ва омода намудани кадрҳои эҷодӣ нақши муҳим бозидааст. [8]
Нашрияҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷаллаи адабии миллии «Садои Шарқ», журнали русии «Помир» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашрияҳои махсуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонанд.[4]
Ҷоизаҳои байналмилалии адибони Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]- ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БА НОМИ А.ФАДЕЕВ
Фотеҳ Ниёзӣ соли 1996 Абдуҷаббор Қаҳҳорӣсоли 1986
- МУКОФОТИ ҲАМҶОЯИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ СССР
Меҳмон Бахтӣ соли 1979
- МУКОФОТИ ВЦСПС
Юсуф Акобиров соли 1980
- ДИПЛОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БА НОМИ Г.АНДЕРСЕН
Убайд Раҷаб соли 1981
- ДИПЛОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БА НОМИ Н.ОСТРОВСКИЙ
Меҳмон Бахтӣ соли 1982
- ҶОИЗАИ АДАБИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ: МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ПУШКИН
Гулрухсор Сафиева соли 2002
- ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ М. ҲАМЛЕТ (США)
Гулрухсор соли 1994
- ҶОИЗАИ АДАБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СБИН НИЛУФАР
Лоиқ Шералӣ соли 1999
- ҶОИЗАИ АДАБӢ-БАЙНАЛМИЛАЛИИ БА НОМИ СИМОНОВ
Шодӣ Ҳаниф соли 2003
- ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БА НОМИ ПАСТЕРНАК
Марямбонуи Фарғонӣ соли 1996[9]
- ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БА НОМИ БЕДИЛ
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Набиев (Набавӣ) Абдухолиқ. Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. — Душанбе: «Адиб», 2004, - 80 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон(тоҷ.). navisandagan.tj. 2 феврали 2026 санҷида шуд.
- 1 2 3 ТАЪРИХИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН (ИНТ)(тоҷ.). www/navisandagan.tj (2022). 20 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Аз интиқоди Низом Қосим то норозигии мунаққидон. Анҷумани Иттифоқи нависандагон чӣ гуна гузашт? | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 2 феврали 2026 санҷида шуд.
- 1 2 3 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Набиев, Абдухолиқ. . — Адиб, 2004. — 23–24 с.
- ↑ Набиев, Абдухолиқ. . — Адиб, 2004. — 24 с.
- ↑ Набиев, Абдухолиқ. . — Адиб, 2004. — 60–61 с.
- ↑ Набиев, Абдухолиқ. . — Адиб, 2004.
- ↑ ҶОИЗА ВА МУКОФОТҲО(тоҷ.). www/navisandagan.tj (2022). 20 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Абдунабӣ Сатторзода соҳиби нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедил шуд(тоҷ.). www/navisandagan.tj (2026). 20 Январ 2026 санҷида шуд.