Акведук

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Акведук (лотинӣ aqua – об ва ducere – гузарондан) — иншооти гидротехникӣ, новаи обгузар барои интиқоли об ба мавзеъҳои аҳолинишин, иншоотҳои обёрӣ ва гидроэнергетикӣ аз манбаъҳои дар баландӣ қарордошта. Акведук аксар ба маънои пул (кӯпрук) аз болои дарё, роҳ ё ҷарӣ истифода мешавад. Сохтори акведук ба виадук монанд буда, он аз санг, хишт, оҳану бетон, пӯлод ва чӯбу тахта сохта мешавад. Акведук рӯи заминӣ ва зеризаминӣ мешавад. Акведукро дар давраҳои қадим дар Шарқи Наздик (Бобулистон, Миср) ихтироъ кардаанд. Яке аз акведукҳои машҳури Юнони Қадим дар ҷазира Самос сохта шуда буд, ки таърихнигор Геродот онро ба рӯйхати аҷоиботи олам дохил кардааст. Дар Рим акведукҳо дар асри 7 то м. сохта шуда, об ба воситаи 11 акведук дода мешуд, ки дарозии онҳо 350 км-ро ташкил мекард. Танҳо 47 км-и он аз болои замин буда, боқимонда аз таги замин мегузашт. Ба воситаи акведуки дарозтарини римӣ (141 км) ба шаҳри Карфаген дар асри 2 об дода мешуд. Дар Европаи асри миёнагӣ то акведука 19 таҷрибаи бойи сохтмони акведук фаромӯш шуда, обро ба шаҳрҳо ба тавассути каналҳо мерасонданд. Дар асри 19 Англия яке аз давлатҳои пешқадам оид ба сохтмони акведукҳо шуда, шаҳрҳои бузурги Бирмингем, Манчестер ва Ливерпулро ба воситаи акведук бо об таъмин мекард. Акведукҳои калонтарин дар ИМА сохта шуда буданд. Ба шаҳри Нию Йорк аз масофаи 190 км, ба шаҳри Лос Анҷелес аз масофаи 400 км ба воситаи акведук об оварда мешуд.

Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз қадимулайём акведуки зеризаминиро, ки бо номи корез машҳур аст (Панҷакент), истифода мебурданд. Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон (Помири Ғарбӣ, Дарвоз, Қаротегин) акведукҳои рӯи заминӣ барои гузарондани об истифода мешуданд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.