Аккомпанемент
Зоҳир
Аккомпанемент (фаронсавӣ accompagnement – ҳамовозӣ) — қисми таркибии мусиқӣ, ки барои ҳамовозӣ ва пурмазмуншавии мусиқии овозӣ ва созӣ хидмат мекунад. Дар ҳунари сарояндагӣ бештар аккомпанемент ба тавассути созҳои мукаммал (арғунун, роял), инчунин ансамбл ва оркестр ифода мегардад. Мусиқии созӣ низ дар радифи оҳанги иҷрошаванда садоҳои ҳамовозшавандаро дар бар мегирад. Иҷрокунандаи аккомпанементро аккомпаниатор (навозанда) меноманд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.