Аккредитонӣ
Зоҳир
Аккредитонӣ (лотинӣ accredo – эътимод дорам) — дар ҳуқуқи байналмилалӣ маҷмӯи амалиёте, ки вобаста ба таъйин ба мансаби сарвари намояндагӣ ва ё намояндаи доимии давлат дар ягон муассисаи байналмилалӣ сурат мегиранд. Раванди аккредитонӣ иборат аст аз: содир намудани акт дар бораи таъйини шахси мазкур ба ҳайси намояндаи дипломатии худ, ахзи мувофиқа (агреман) барои қабули ӯ аз тарафи давлати хориҷӣ ва тақдими ваколатнома ба мақомоти салоҳиятдори давлате, ки ин шахс дар он фаъолият хоҳад кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.