Jump to content

Аккумулятсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аккумулятсия (лотинӣ acccumulatio – зам шудан) — замшавии таҳшинҳо, седиментатсия, раванди ҷамъ шудани моддаҳои минералӣ ва органикӣ дар хушкӣ ва зери об. Аккумулятсия аз ҳаракати обҳои равон, бод, пирях ва омилҳои геологии дигар пайдо шуда, аккумулятсияи обӣ, пиряхӣ, бодӣ (эолӣ) ном мегирад. Аккумулятсия дар доманаи теппаҳо, водиҳо ва дигар шаклҳои андозаҳояшон гуногуни манфии релйеф: аз чуқурии хурд то пастхамиҳои калони пайдоишашон тектоникӣ ба вуҷуд меояд ва қабати ғафсро ташкил дода, тадриҷан ба ҷинсҳои таҳшинии кӯҳӣ мубаддал мешавад. Аккумулятсия дар қаъри уқёнус, кӯл ва обанбор раванди муҳимтарини экзогенӣ мебошад.